Муҳиддин Музаффар, коргардони ҷавон ва муваффақи тоҷик имрӯз дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз иштироки филми ҳунарии “Дов” дар ҷашнвораи “Чебоксария” хабар дод.
Коргардон навиштааст, ки ҳамроҳи гурӯҳаш барои итирок дар ин ҷашнвора, ки аз 26 май то 1 июн баргузор мегардад, ба Чебаксария сафар карда истодааст.
Муҳиддин Музаффар ҳамчунин гуфтааст, ки филми мазкур дар шаҳри Маскав ба диаспорҳои тоҷик ва ӯзбек намоиш дода шуд.
Онҳое, ки санъати киноро хуб мефаҳманд ва воқеаҳои солҳои ҷанги шарвандии Тоҷикистонро аз сар гузарониданд, ин филмномаро бо шавқи зиёд тамошо карда, баҳои баланд доданд.
Муҳиддин Музаффар аз он, ки филмаш ба чунин ҷашвора роҳ ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ намуда гуфт, аз он ки ҳунару фарҳанги тоҷикро муаррифӣ менамояд хушҳол аст.
Аввалин намоиши филми «Дов» моҳи ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гашта, то ин рӯз дар чандин фестивалҳои дохилию хориҷ иштирок намудааст. Филм воқеаҳои солҳои 1992-1993-ро дар бар гирифта дар бораи ду дӯсти навозанда нақл мекунад.