Пинҳон кардани сирру асрори дигарон, хоса асрори ниҳони ҷинси латиф аз зумраи беҳтарин сифатҳои мардонагист, вале бадбахтона солҳои охир иддае аз ҷавонмардони тоҷик оини неки ҷавонмардиро фаромӯш карда, ба хтири ба даст овардани пули муфти бе дарди миён занону духтарони сдаву гумроҳро “шантаж” мекунанд.
Ба наздикӣ боз як ҷавони бе ор ба чанг афтид, ки аз ҳисоби таҳдид кардани як духтари ҷавон пули калон карда, кайфу сафо карда мегашт...
Муродбек Қосимзода донишҷӯйи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд будааст, вале ин ҷавони 19-сола, ки сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич мебошад, аз соли аввали донишҷӯйӣ ба ҷойи талоши илмомӯзӣ дар фикри ба даст овардани пули муфт афтодааст. Бино ба гузориши кормандони милитсияи Вилояти Суғд Муродбек Қосимзода соли 2021 бо як донишҷӯдухтар шинос шуда, бо қавлу қасамҳои зиёди ошиқона ва ваъдаҳои осмонӣ ӯро ба дом афтонида, аз ӯ ҳар хел аксҳову смсҳои ошиқона мегарад ва баъдан ба шантаж сар мекунад.
Бо мақсади ба даст овардани пули муфт ин ҷавони аз кӯчаи ҷавонмардӣ нагузашта духтарро ҳадафи тамаҷӯӣ қарор дда, таҳдид мекунад, ки агар ба ӯ пули калон надиҳад, аксҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорад ва ба хешу табораш равон карда, ӯро шарманда ва беобрӯ месозад. Духтар аз тарси бадномӣ шартҳои ҷавонро қабул мекунад ва чанд маротиба барои паҳн накардани суратҳояш ба вай пул медиҳад. Ҳар бори пулро ба ҷайбаш задан Муродбек ваъда медодааст, ки аксҳоро аз телефонаш пок мекунад, вале ҳамин ки ӯро боз хумори пули бе дарди миён гирифт, дубора ба “шантаж” кардан даромада таҳдид мекардааст, ки агар боз пул надиҳад суратҳояшро ба ҳамкурсонаш ва хешовандони ӯ нишон дода, шармандааш мекунад. Духтари содадил, ки аз Муробдек ишқи поку самимӣ ва дар оянда оиладор шуданро интизор буд, ба доми “аждаҳои пулхӯрак” афтода, ба гирдоби қарз меғутад ва дигар тобу тавонӣ аз ҳама қарз гирифта ба “ошиқаш” доданро накарда билохира ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арз мекунад.
Мақомот аризаи шикоятии ӯро баррасӣ намуданд ва дар рафти тафтишот муайян шудааст, ки Муродбек на як бору ду бор, балки борҳо аз духтари ба домаш афтода бо роҳи “шантаж” пул ситонидааст. Дар гузорише, ки РВКД ҶТ дар вилояти Суғд нашр кард, гумонбар иқрор шудааст, ки охирон бор аз духтар 2000 сомонӣ талаб карда, барои ҳарчӣ тезтар ба даст овардани пул пайваста ба ӯ занг зада, таҳдид мекардааст, ки агар дар вақти таиншуда пулро надиҳад, ҳамаи аксҳояшро дар интернет гузошта дар байни хешовандону пайвандонаш ӯро шарманда месозад.
“Бори каҷ ба манзил намерасад”гуфтани мардум беҳуда нест, оқибат бри каҷи ин ҷавони тамаъҷӯй ҳам ба манзил нарасида, сирру асрораш фш гашт. Духтаре, ки барои Муродбек як ҳамёни зинда шуда буд, дигар косаи сабраш лабрез гашта, ошиқи муфтхурашро ба милитсия супурд.
Айни ҳол нисбати Муродбек Қосимзода бо моддаи 250-и Кодекси Ҷиноятии ҶТ (тамаъҷӯйӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, парвандаи ӯ барои фикри айбдорӣ ба мақомоти лозима ирсол карда шудааст.