Arzon march 2024
Донишгоҳи славянӣ ба донишҷӯёни ятим ва имкониятҳояшон маҳдуд кумакпулӣ дод
337

- Донишҷӯёни донишгоҳи мо дар як қатор озмунҳои сатҳи давлатӣ, ба монанди “Илм - фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, олимпиадаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намунавиро ишғол мекунанд. Масалан, дар ду озмуни ҷумҳуриявӣ 12 донишҷӯ сазовори ҷойҳои намоён гашта, ба мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд,- гуфт Файзулло Машраб, ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза.

Илова гардид, ки донишҷӯёни ин донишгоҳ дар олимпиадаҳои онлайнӣ бо забони русӣ дар миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои кишварҳои гуногун дар самти илм сазовори ҷойҳои намоён шудаанд.

Шумораи донишҷӯёне, ки дар гурӯҳҳои буҷавӣ таҳсил мекунанд, 1780 нафар буда, 3587 нафар дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил мекунанд. Дар миёни донишҷӯёни ин боргоҳи илм 8 нафар ятими кулл низ таҳсил менамоянд ва дар арафи Соли нав ба ҳар яки онҳо ба миқдори панҷсад сомонӣ ва ба донишҷӯёни имконияташон маҳдуд 300 сомонӣ мукофотпулӣ дода шудааст.

Шумораи умумии донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон 5367 нафар буда, аз ин шумора 3649 дар шуъбаи рӯзона ва 1718 дар шуъбаи фосилавӣ таҳсил мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД