Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба раддабандии беҳтарин донишгоҳҳои қитъаи Осиё барои соли 2026, ки аз ҷониби Созмони байналмилалии раддабандии донишгоҳҳои ҷаҳон «QS» (Quacquarelli Symonds) натиҷагирӣ карда шуд, ворид гардид.
Дар раддабандии имсола Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 23,2 хол ба даст оварда, дар қатори 45 фоизи беҳтарин донишгоҳҳои қитъаи Осиё ҷой гирифтааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба натиҷаҳои солҳои 2022-2025 беҳтарин дастоварди Донишгоҳи миллӣ дар раддабандии «QS» ба шумор меравад.
Ба раддабандии нави QS 1529 донишгоҳи бонуфузи Осиё дохил гардидаанд, ки нисбат ба соли 2024-ev 542 донишгоҳ бештар аст. Аз 35 давлати эҳтимолии қитъа танҳо донишгоҳҳои 25 кишвар ба рӯйхат дохил шудаанд.