arzon replenishment
Домуллло Абдушукурхон: Савоби хондани сураи кавсар дар рӯзи иди қурбон ба 60 қурбонӣ баробар аст!
925

 

Имрӯз яке аз баҳтарин рӯзҳои сол-Иди шарифи қурбон аст. Албатта ҳар кас кӯшшиш мекунад, ки дар ин рӯзи муборак ва пурфайзу футуҳ амалҳои некро анҷом дода, аҷру подоше бигирад. Нафароне, ки дороияшон ба нисоби закот расидааст, қурбонӣ мекунанд, то ки худованд бар ивазаш гуноҳҳояшонро бахшида, аз файзу баракати хеш ҳаёташонро лабрез гардонад, вале онҳе, ки тавони молии қурбонӣ карданро надоранд, чи амалҳоеро анҷом дода метавонанд, ки боиси хушнудии Аллоҳ ва бахшиши гуноҳанашон бигардад? Сари ин мавзӯъ ва дигар воҷиботи иди шарифи Қурбон мо бо сархатиби масҷиди марказии ҷомеи "Ҳазрати Шоҳ" Абдушукурхон Тӯраев сӯҳбати судманде оростем, ки фишурдааш манзури муштариёни сомонаи Оила. ТЧ мегардад.

       -Домуллои азиз, сароғз мегуфтед, ки қурбонӣ кардан чӣ гуна воҷиб шуд?

- Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон.

Бар пайкари олам вуҷуди ҷон омад,

Сад шукр ки имтиҳон ба поён омад.

Аз лутфи Худованди Халил-ур-раҳмон,

Як иди бузург ба номи Қурбон омад.

Сараввал бо иди саиди Қурбон кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро табрик менамоям. Пайдоиши иди Қурбон ва қурбонӣ кардан ба замони ҳазрати Иброҳим (а) рафта мерасад. Ҳазрати Иброҳим аз зумраи паёмбарони бузурганд, ки чаҳор ҳазор сол пеш зуҳур кардаанд. Худованди мутаъол паёмбаронро бо имтиҳонҳои шадид озмоиш кардааст. Ҳар нафаре, ки дар назди Парвардигор дараҷаи баланд дорад, Аллоҳ сароғоз ӯро имтиҳон менамояд, вале зери ҳар имтиҳон мақому дараҷот ва аҷру подоше ҳаст. Парвардигори азимушшаън ҳазрати Иброҳимро (а) хост бо фарзанди ягонааш Исмоил, ки (а) дар замони пирияш ба дунё омада буд, имтиҳон кунад. Он вақт ҳазрати Исмоил (а) 12-13- сол доштанд. Ба ҳазрати Иброҳим (а) тавассути хоб чандин маротиба ваҳй омад, ки фарзандатро ба роҳи Худо қурбонӣ кун. Ҳазрати Иброҳим (а) фаҳмиданд, ки ин амре аз ҷониби Парвардигор аст ва фарзанди худро ба қурбонгоҳ бурданд. Албатта ин имтиҳоне буд аз ҷониби Худованд. Вақте ҳазрати Иброҳим (а) хост фарзандашро қурбонӣ кунанд, Худованд ӯро аз он кор боздошт ва бар ивази Исмоил (а) барои қурбонӣ кардан аз биҳишт гӯсфанде фиристод. Ҳамин тавр қурбонӣ кардан воҷиб шуд. Пасон баъди зуҳури паёмбари ислом, Ҳазрати Муҳаммад (С.) қурбонӣ ба таври мукаммал эҳё ва воҷиб гашт. Дар ин рӯзи муборак нафароне, ки дороияшон ба нисоби закот расидааст, қурбонӣ менамоянд. Мардум маҳз дар ҳамин рӯз аз ҳоли ҳамдигар бештар хабар мегиранд. Ба аёдати беморону барҷомондагон, калонсолону ятимон мераванд. Якдигарро бо иди шариф табрик намуда, хушҳолӣ менамоянд.

-Нафароне, ки қудрати қурбонӣ надоранд чӣ кор кунанд, то дар ин рӯз савоби бештаре ба даст оранд?

-Дар тафсири "Рӯҳулбаён" ривоят мекунанд, ки рӯзе аз паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (С) пурсиданд, ки агар касе дарвеш бошаду қудрати қурбонӣ кардан надошта бошад, чӣ коре кунад, то савоби қурбониро ба даст орад? Дар ҷавоб расули Худо гуфтанд, ки чаҳор ракат намоз хонад. Дар ҳар ракат 1маротиба сураи "Фотиҳа" ва 11 бор сураи "Кавсар" хонад, Худованд барояш савоби 60 қурбонӣ диҳад.

- Қурбонӣ кардан барои кӣ воҷиб аст?

Ҳар нафаре, ки закот дода метавонад, кардани қурбонӣ барояш воҷиб аст. Мувофиқи қарори Шӯрои уламо нисоби закот барои имсол 35-ҳазор сомон аст. Фарқи закот додан ва қурбонӣ кардан дар он аст, ки закотро замоне медиҳанд, ки агар ба нисобаш як сол сипарӣ шавад аммо барои қурбонӣ кардан гузаштани сол шарт нест. Ҳамон вақте, ки дороии шахс ба нисоби закот мерасад барояш қурбонӣ кардан воҷиб мегардад. Барои ҳисоб кардани нисоби закот амволе, ки ҳасту истифода намешавад, ҳисоб намекунанд, вале барои қурбонӣ он ҳисоб карда мешавад.

- Кадом навъҳои ҳайвонро қурбонӣ мекунанд?

- Барои қурбонӣ, гов, гӯсола, шутур, гӯсфанд ва буз забҳ карда мешавад. Гову гӯсола бояд дусола бошанд. Шутур панҷсола, гӯсфанду буз аз яксола боло. Гов ва шутурро метавонанд то ҳафт нафар дар якҷоягӣ қурбонӣ карда, баробар тақсим намоянд. Гӯсфанду бузро бошад, танҳо як нафар метавонад қурбонӣ намояд. Бояд таъкид кард, ки дар рӯзи иди қурбон натанҳо қурбонӣ кардан, балки тамоми амалҳи хайр, яъне некӣ кардан ба ятимон, бенавоён, бевазанон, маризон ва дигар афроди дармонда хайру савоб буда, худванд бар ивази ҳар як амали нек ба бандааш аҷру подши шоиста медиҳад.

Мусоҳиб: Абдуғаффор Шодиев

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД