arzon replenishment
ДОМОДКУШ (ҚИСМИ 2)
01.02.2021
Р. Азимӣ
5099

ИДОМААШ...
Гумон кардам, ки зинда аст, аммо ҳарчанд акаҷон гуфта садо мекардам, намешунид. Курсиро зери поям мондаму баромада бандро кандам ва бо азобе Муҳаммадҷони чун оташков сиёҳшударо аз оғил бароварда ба хонаи ҳамсоя давидам.

«Ҳа Насибаҷон, тинҷӣ аст? Ба ту чӣ шуд. Чаро рангу рӯят кандагӣ?»-авзои парешонамро дида саволборон кард ҳамсоязан. Забонам дар комам часпида гап зада наметавонистам. Базӯр «Холаҷон, Муҳаммад худашро дар оғил овехтааст»,-гуфтаму аз ҳуш рафтам. Дигар чизеро дар ёд надорам.

13 рӯз пас аз марги Муҳаммадҷон дар беморхона ба ҳуш омадам. Чашмонамро кушода болои сарам падару модарамро дидам, ки гиря мекарданд. «Насибаҷон, ба ҳуш биё! Муҳаммадро аз даст додем, туро аз даст додан намехоҳем! Хез аз ҷоят»,- гуфтанашон мани ниммурдаро мурдатар кард. Зор-зор гиря карда аз шиддати гиря дубора аз ҳуш рафтам.

Сабаби марги бародарамро баъди аз беморхона баромаданам падару модарам гуфтанд. Ҳамон рӯзе, ки бибиам ба хонаи Анисаино хостгорӣ рафтанд, Аниса онҳоро аз хонаашон ронда гуфтааст, ки ман набераи лангатро намегирам. Як умр маъюббонӣ карданӣ нестам. Ба ин ҳам қаноат накарда он беҳаёи каждумзабон ба Муҳаммад занг зада, гапҳои қабеҳашро такрор намудааст. «Худат барин ягон маъюбро ёфта хонадор шав, ман туро намегирам! Ба хостгорҳоят гӯй, ки дигар ба хонаи мо пояшонро нагузоранд»,- гуфтани Анисае, ки аз ҷон бештар дӯсташ медошт, Муҳаммадро бе корд кушта ба худкушӣ расонидааст.

Ин суханҳои он қотили нобакорро шунидаму тоқат карда натавонистам, ҳамон лаҳза ба шаҳр, ба хонаи Анисаи бевафо рафтам. Дарро ба рӯям ҳамон ақраби зард кушод. Чанг зада аз мӯйҳояш доштаму ба замин хобондам. Девонавор ба куҷое, ки рост меомад мезадам. Арӯси мағрури бародарамро чунон мушту лагадкӯб кардам, ки аз даҳону биниаш хун ба мисли фаввора зад. Садои доду фиғонашро шунида ба имдод намешитофтанд, шояд қасди бародарамро меситонидаму ӯро мекуштам, вале

Худованд қотил гаштанамро нахост. Ҳамсояҳо аз чанголам наҷоташ доданд, вагарна Анисаро пора- пора мекардам. намешавад, чунки ишқи Муҳаммадҷон ба ин қотил ишқи пок буд. Бародарам тайёр буд барои Аниса ҷонашро фидо намояд, аммо ин бешараф бо неши сухан риштаи умри ҷавони Муҳаммадҷонро бармаҳал канд.

Як таънаи ин каждуми зард моро як умр бадбахту ғамзада намуд. Агар Аниса бародарамро таъна намезад, шояд Муҳаммадҷон имрӯз зиндаю дар ҳалқаи хешу пайвандон мебуд. Бародари меҳрубонам чаро ба хотири як беномуси беҳаё худро куштӣ? Арӯси мағрурат ба як тори мӯи сарат арзанда нест! Ба як қатра ашки ту намеарзид.

Ин фоҳиша лоиқи ту набуд! Акаҷонам, туро ҳамаи духтарҳои маҳаллаамон дӯст медоштанд, чаро барои як касофати бефаросат риштаи ҷони ҷавонатро буридӣ?!

Саҳифаҳои зиндагиамро варақгардон мекунаму сиришки дидагонам варақҳои зардгаштаро мешӯяд. Худоё, чаро зиндагӣ саросар фиреб аст, чаро сарнавишт бар мо зулм мекунад?! Чаро марг гулчин асту инсонҳои меҳрубону биҳиштиеро чун Муҳаммадҷон барвақт мера- бояд? Қотили ишқат имрӯз саре дораду савдое, аз шавҳари сеюмаш ҷудо шудааст. Арӯси мағрурат ба ғазаби Худо гирифтор шуд, осуда бихоб!

Насиба

Таснифи P. Азимов

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД