Arzon march 2024
ДОМОДИ БЕИМОН (ҚИСМИ 2)
21.10.2020
Дилошӯб
6347

идомааш...

Шавҳарам танҳо баъди ду соли ба Русия рафтанаш, бо дасти тоҷикписаре бароямон чорсад доллар равон намуд, ки он вақт пули калон ҳисоб меёфт. Ҳамсояи девордармиёнамон ба Самарқанд кӯч бастанӣ шуда, ханаи сеҳуҷрагии серҷиҳозашро ҳазор доллар нарх монд.


Барои аз даст нарафтани хонаи хуб ман дарҳол хонаамро бо тамоми ҷиҳозаш фурӯхтам ва ороишоти тиллояамро низ ба савдо зада ба пулҳои фиристодаи шавҳарам зам кардаму хонаи ҳамсояро харидам. Ҳамин тавр зиндагиамон низоми тоза ёфт. Чанде нагузашта Николай баргашт. Шавҳарам аз хонаи тозаю озодаи барҳавою фарзанди солим ба ваҷд омада худоро шукр мегуфт, ки чунин зани оқиларо насибаш гардондааст ва сад бор садқаю балогардони ман мешуд.

Соли навро якҷоя пешвоз гирифтему баъди ҷашн бо Николай маслиҳат намудем, ки ин хонаро низ мефурӯшем. Шавҳарам аз Русия бо маблағи хуб баргашта буд ва мо қарор додем, ки дар маркази шаҳр хонаи беҳтаринро мехарем. Ба ин орзуямон ҳам расида дар беҳтарин микрорайони шаҳр хонаи чорҳуҷрадори барҳаворо соҳиб гаштем.

Боз ба Маскав

Манзили навро таъмири олӣ намуда ба марди эроние иҷора додему пули яксолаи иҷораро гирифта ба Маскав рафтем. Шавҳарам Николай дар заводе муҳандис шуда кор мекарду маоши хуб мегирифт. Завод бароямон аз хобгоҳ манзил ҷудо карда буд ва ман низ дар қатори шавҳарам заҳмат мекашидам. Аз чизе танқисӣ намекашидем. Азбаски Тоҷикистонро ватану тоҷиконро ҳамватан меҳисобидам, ҳар тоҷикеро бо ҳоли зор бинам, барояш некии аз дастам омадаро дареғ намедоштам.

Сояи ғам

Соли 2002 Михаилро таваллуд намудам. Шодии шавҳарамро ҳадду канор набуд, вале хурсандиаш дер давом накард. Николай яку якбора ба бемории саратони шуш гирифтор гашта ин олами зеборо падруд гуфт. Тобути шавҳари номуродамро бояд аз рӯи васияташ ба Тоҷикистон оварда дар қабристони масеҳиҳо ба хок месупоридам. Хамкоронамон ҳангоми гусел аз ман хоҳиш карданд, ки ба завод баргашта корро идома диҳаму тифлаконамро тарбия намоям, аммо барои ман бе Николайи азизам Маскав холӣ менамуд. Гумон мекардам, ки ба марги падари фарзандонам маҳз ҳамин шаҳри пуршӯру шар гунаҳгор аст, ҳарчанд хуб медонистам, ки риштаи маргу зиндагии ҳар як инсон дар дасти Худои меҳрубон аст.

Аз соғари май алам гирифтам

Пас аз гӯру чӯб кардани шавҳарам дар Душанбе боз дар ҳамон коргоҳи пешинаам ба кор даромадам. Сергей дар синфи панҷ мехонду Михаил ҳамагӣ як сол дошт. Бе падари фарзандонам дунё дар назарам тираю тор гашта буд. Дар миёни чорроҳаи зиндагӣ бе такягоҳ монда, намедонистам бо ду фарзанди ноболиғ чӣ кор кунам. Аз дарди бекасӣ рӯ ба май овардам, шабҳо аламамро аз шишаю аз сигор мегирифтам.

Шавҳари мусулмон

Як рӯз ҳангоми харид дар мағоза марди болобаланди зебое ба ман гап партофт. Азбаски бевазани ҷавону зебо будам, мардони зиёде аз пасам кашола шуда мегаштанд. Аз дасти мардони шилқин рӯз надоштам, бинобар ин, суханпардозиҳои ин мардро низ хирагии мардона пиндошта аҳамият надодам, вале…

Самад моҳҳои дароз аз пуштам кашола шуда, оқибат маро ба домаш афтонд. Барои исбот намудани садоқаташ маро ба никоҳаш даровард. Росташро гӯям, шояд шавқи табиӣ оқибат ғолиб омад, ки худам низ ин марди зеборо дӯст доштам ва ба хотири пойдории оилаам исломро қабул намудам. Самад худро корманди сохтори ҳуқуқӣ мегуфт ва гоҳ-гоҳ ба қишлоқ ба назди зану фарзандонаш мерафт. Ман ҳатто намедонистам, ки зани якуми Самад дар куҷо зиндагӣ мекунад.

Пас аз ду соли зиндагии якҷояамон Сергей синфи нуҳумро хатм намуду Самад ҳуҷҷатҳояшро тахт карда писарамро ба Русия хондан равон кард. Пас аз рафтани Сергей қариб ҳар шаб Самад шишаи шароб оварда ҳамроҳам менӯшид. Аз ин кораш ҳайрон намешудам, зеро фикр мекардам, ки барои таҳаммули дурии писарам ба ман шароб меорад. Михаил, ки он вақтҳо панҷ сол дошт, ба Самад меҳр монда ӯро падар мегуфт.

«Кидат» бо усули тоҷикӣ

Сергей ба мо занг зада аз хуб будани шароити таҳсилу буду бошаш дар ҷойи хонданаш нақл намуду хотирам ҷамъ шуд, аммо хотирҷамъии ману «ғамхорӣ»-и шавҳари мусулмонам дер давом накард. Самад яку якбора ғайб заду пас аз ду моҳ марду зане омада худашонро соҳиби хонаи ман эълон намуданд ва маро бо бачаҳоям аз хонаам ронданд. Судбозиям фоида накарданд, зеро Самади беимони бехудо алаккай як сол пеш хонаи маро ба номи худаш карда, ману писаронамро аз қайди хона бароварда будааст. Бо кӯдаки ноболиғам дар кӯча монда рӯ ба май овардам, вале дугонаҳои тоҷикам бо насиҳату панди зиёд маро аз роҳам гардонданд. Ҳозир дар як мактаби хусусӣ ба ҳайси фаррош кор мекунам. Директори мактаб бароям хоначаеро ҷудо намудааст, аммо бо як шарт: Писарам ба чашмаш зиёд натобад! Бечора Мишаяки ман дар мактаби наздикии хонаи шумо мехонад. Аълохон аст, вале наметавонад баъди дарс рост ба хона равад. Кӯшиш мекунад, ки баъди соати панҷ ба «хона» равад, то дар чашми «хӯҷаин»-амон натобад. Орзу дорад, ки мактабро хатм карда ба Маскав назди акааш равад. Сергей ҳозир дар донишгоҳ мехонад, барои ҳамин наметавонад ба мо ёрӣ расонад. Ҳамин ки донишгоҳро хатм кард, моро ба наздаш мехонад…

Ба чеҳраи зебо, вале тароваташро гум кардаи ин зани бадбахт нигариста шарм медорам, зеро ӯро ба ҳамин рӯзҳои сахт хушбоварияш ба марди ҳаммиллати ман гирифтор намудааст. Як номарди хабис аз оҷизию бепаноҳии зане истифода карда ҳаққи ӯ ва ятимаконашро аз худ намудааст. Бо Ирина хайрухуш кардаму барояш нимтанаи гармеро, ки хоҳарам аз Русия бароям фиристода буд, ҳадя намудам. Ӯ ташаккур баён намуда гуфт: «Тоҷикон мардуми хубанд, барои ҳамин аз ин ҷо дил канда наметавонам!»

Вақте ҳамроҳи писарам Иринаю Мишаро то назди «хона»-ашон бурдем, шоли сияҳ рӯи шаҳрро батамом пӯшида буду борон меборид. Сиёҳии хиҷолате, ки аз шунидани нақли ин зани ҷабри мусулмони беимонеро кашида дар ботинам соя афканда буд, диламро мефишурд…

                                                                   Дилошӯб

 

                

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД