Духтари нозпарвард
Насиба дар оила як духтар буд ва модараш барои вай ҷонашро ҳам дареғ надошта, чизе ки аз даҳонаш мебаромад, дарҳол мехарид. Падар доим таъкид мекард, ки духтарро ин қадар эрка накунад, чунки касе намедонад, фардо ба чӣ гуна оила келин мешаваду зиндагиаш дар хонаи шавҳар чӣ ранг мегирад, раваду ба ягон хонаводаи камбағал келин шавад, ҳоли духтари нозпарвард чӣ мешавад?! Модараш ба ин гапҳо аҳамият надода, ҳамоно тамоми нозу нузи Насибаҷонашро мебардошт ва духтараш аз осмон ситора хоҳад ҳам, кӯшиш мекард, ки ёфта диҳад.
Ишқи аввал-ғурраи сармозада
Насиба ҳанӯз аз давраи мактабӣ бо ҷавоне ишқварзӣ мекард, аммо падару модараш бехабар аз рози дили духтар ӯро ба як ҷавони дигар, ки падараш одами бо обрӯ буд ва дар шаҳр вазифаи калон дошту кару фараш дар осмон, фотиҳа намуданд, то духтари нозпарвардашон дар зиндагӣ минбаъд ҳам азоб накашад. Ошиқи Насиба Шамсулло як деҳа поёнтар зиндагӣ менамуд ва дар курси чоруми Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекард. Насиба пеш аз фотиҳа шуданаш бо бачаи шаҳрӣ, хеле кӯшиш намуд Шамсуллоро розӣ кунонад, то хонадомод шавад, вале ҷавони бо нангу номус мурданро ба гардан мегирифту дар хонаи арӯс зистанро не ва ҳар дафъа як гапро такрор мекард:
-Зани ман шудан хоҳӣ, ба деҳа рафта хизмати падару модари маро мекунӣ! Насиба хеле андеша намуда ба хулосае омад, ки вай ҳаргиз дар шароити хонаи падари Шамсулло зиста наметавонад, зеро дар хонаашон то ҳол як дона картошкаеро пӯст накардааст ва ҳатто чой дам карда наметавонад. Тамоми кору бори хонаи онҳоро хидматгорзан ва модарҷонаш ба анҷом мерасониданду Насиба мисли шоҳдухтар танҳо фармонфармоӣ карда мегашт, барои ҳамин андеша намуд, ки беҳтараш аз баҳри ишқу муҳаббаташ баромада, ба ҷавони падараш хостагӣ ба шавҳар мебарояд ва минбаъд низ шоҳона зиндагӣ мекунад, вале...
Домоди булаҷаб
Рӯзи тӯй фаро расид. Насиба, ки аслан духтари қашангу диданӣ буд, акнун дар либоси арӯсӣ боз ҳам зеботар шуда, фариштаеро мемонд, ки аз осмони пурнур ба замин фуруд омадааст. Хешу табор, ҳаққу ҳамсояҳо ва меҳмонони аз тарафи домод омада ҳусну ҷамоли беназири арӯсакро дида, ангушти ҳайрат мегазиданд. Домодро “ёр-ёр ” гӯён, ба таги чодар дароварданд. Насиба аз зери тӯри барфсон сап-сафеди рӯяш бо қирраи чашм ба шавҳараш нигарист. Домод ҷавони қоматбаланду зебо буда, рӯйи шир барин дилкаш дошт. Миҷгонҳои дароз-дарозаш касро мафтун менамуданд, вале чашмони кабуди обиаш мисли оина сарду карахт буданд. Дили Насиба бо дидани чашмони бе ҳисси домод таҳ кашид, вале “Ба назарам намудагист” гӯён, худро тасаллӣ дод.
Падараш ба Насибаи фариштарӯ дуо дода, барояш хонаи пур аз бачаю дастурхони пур аз кулча таманно намуда, аз даргоҳи Худованд бахту иқболи баландашро талаб карду ӯро ба мошин шинонд. Дӯстону дугонаҳои келину домод шодона рақсу бозӣ мекарданду хешу табору ҳамсояҳо ба шаҳу арӯси зебо бо ҳавас менигаристанд, вале дили модари Насиба худ аз худ ким чӣ хел сиёҳӣ оварда, аз пешомади баде гувоҳӣ медод.
Шашангушта
Дар сари мизи пурнозу неъмат ногоҳ дасти домод ба дасташ расиду чашмаш ба панҷаи шаҳбача афтида, дили Насибаи нозанин шуввӣ карда рафт. Панҷаҳои дастони домод шаштогӣ ангушт доштанд. “Тавба, ин бача шаш ангушт дорад-ку!” аз дил гузаронд арӯс, вале боз худро гӯл зад, ки шояд ҳанӯз фирефтаи ишқи Шамсулло асту барои ҳамин домод ба назараш нуқсондору булаҷаб менамояд. Базм идома дошт, вале шаҳбача ба суханронии меҳмонон заррае ҳам аҳамият надода, дулунҷа фаш-фашкунон ангури дар лаълии шоҳона оростаро мехӯрд. Базм ба охир расиду зери навои дилошӯб арӯсу домодро ба хонаи бахташон гусел намуданд. Насиба ҳангоми хайрухуш бо пайвандонаш оҳиста ба гӯши модараш пичиррос зад: “Ин домоди ёфтаатон ба фикрам чандон соқ нест, очаҷон!”» Модараш ин гапи Насибаро ҳазли навбатии духтари эркааш пиндошта, чандон эътино накард.
Дуои сафед
Арӯсро ба зери чодари арӯсӣ дароварда, хусуру хушдоманашро даъват намуданд. Падари домод тибқи таомули тоҷикона хонаю дар ва тамоми давлату сарваташро ба келинаки нозанинаш бахшида, Насибаро мурооти нишастан намуд. Хушдоманаш ҳам дар суханварӣ аз шавҳараш монданӣ надоштааст, вай гаштаю баргашта сад бор садқаю бандаи чунин арӯси зуҳраҷабин гашта, таъкид намуд, ки ба онҳо кору бори келин лозим нест, танҳо гулписарашонро ҳурмату эҳтиром намояд ва хуб нигоҳубин кунад, кифоя аст.
Соҳибони хона келинашонро бо эҳтиром рӯйи чор қабат кӯрпача шинонданд ва дар назди ваю меҳмонҳои ҳамроҳи арӯс омада дастурхони шоҳона густурда, зиёфати олӣ доданд. Модару холаҳои Насиба меҳмондории олиҷаноб ва зиндагии пур аз карру фари хонаи қудоро дида, дилпур гаштанд, ки арӯсаки овардаашон дар ин хонадон хушбахт мешавад, вале...
Мазҳакаи бе пул
Шаҳу арӯс танҳо монданд. Насиба боодобона ба домод салом дод. Тоҳир ҳарду дасташро пеши бар гирифта “ассалом ” гӯён, якбора ҳарду дасташро дароз карда бо Насиба вохӯрӣ намуду сипас ба кашидани сару либоси домодиаш сар кард. Насибаи наварӯс аз рафтори ғайриодии домод дар ҳайрат афтида, чӣ гуфтанашро намедонист. Тоҳир тамоми либосҳояшро кашида таги як таҳпӯш сари дастурхон нишаст ва ҷониби Насиба чашмак зада гуфт:
-Ту зеботарин арӯсаки Тоҷикистонӣ!
Насиба ба маънии надонам китф дарҳам кашид. Домод дигар ба арӯс аҳамият надода ба хӯрокхӯрӣ сар кард. Тоҳир ҳарисона, резондаю чошонда хӯрок мехӯрд ва ба назар чунин менамуд, ки ин бача як моҳ гуруснагӣ кашида, акнун рӯйи нону таомро дидааст. Модари домод дам ба дам ба хона даромада мепурсид, ки ба онҳо ягон чиз даркор аст ё не, аз чеҳрааш аён буд, ки вай аз чизе сахт дар ҳарос аст. Шаҳбача дулунҷа гӯштбирён мехӯрду арӯсро ба сари дастурхон ҳатто муроот намекард ва ин манзара ба ёди Насиба филми мазҳакавии “Қорӣ-ишкамба”-ро меовард. Қариб монда буд, ки арӯсак қиқирросзанон хандад, вале базӯр худро ба даст гирифта, барои шайтонро аз худ дур кардан астағфуриллоҳ гуфта монд. Ниҳоят Тоҳир шикамашро сер кард ва дубора либосҳои шаҳиашро пӯшида, ба бистари хоб даромад. Лаҳзае нагузашта садои фих-фихи хобаш баланд шуд. Домод дар нахустин шаби висол дар рӯйи кӯрпаи махмалин баҳузур мехобиду Насиба бо либосҳои сапеди арӯсӣ дар миёни хона рост истода, аз алам чӣ кор карданашро намедонист. Рафтори домод ҳам хандаи арӯсро меоварду ҳам гиряашро. “Аҷиб, ин бача одам аст ё аждаҳо?! Ин қадар мехӯраду сер намекунад” худ ба худ домоди булаҷабро муҳокима менамуд арӯсаки ҳайратзадаи бадбахт.
Қилиқхунук
Субҳи солеҳон ба рӯяш як чизи хунук расид ва Насибаи наварӯс
тарсида бедор шуду чашмони зебои шаҳлояшро калон-калон кушод. Шавҳараш Тоҳир дар чӯбе қурбоққаеро кашол карда дар рухсораи ӯ бозӣ медоронд.
Насиба аз дидани қурбоққа ба даҳшат афтода, фиғони ҷонкоҳе кашид ва парида аз ҷояш бархост. Модару падари домод фиғони келинро шунида ба ташвиш афтоданд ва тозон ба хонаи арӯсак даромаданд.
-Ҳа, чӣ шуд?-Пурсид хушдоманаш бо таҳлука.
-Бачаатон қурбоққаи зиндаро ба рӯям дошта маро талхакаф кард,-канда- канда гуфт Насиба ва ба ҷонвари ҳамоно дар сари чӯб овезон ишорат намуд.
-Канӣ, зуд аз хона баро!-Амр кард падараш ба Тоҳир.
Домод тарсида қурбоққа аз тиреза ба берун ҳаво дод ва тозон аз хона баромад.
-Одами сиҳат чунин рафтор намекунад! Холаҷон, магар писари шумо девона аст? Бачаатон соқ набошад, чаро дидаю дониста маро келин кардед? –Бо садои гиряолуд шиква намуд Насиба, ки ҳамоно аз тарс мисли барги бед дир-дир меларзид.
-Духтарам, ором шав, Тоҳир аз замони кӯдакиаш ҳамин хел бачаи шуху беқарору қайсар аст. Дар вақташ гӯштингири зӯр буд. Бечора бачаам дар як муҳориба ҷароҳати сахт бардошта, каме беморнамо шуда монд...
-Барои чӣ келинро фиреб медиҳӣ? Вай акнун аъзои ҳамин оила ва ҳамсари Тоҳир аст, бояд дар бораи шавҳараш ҳама чизро донад,-Хусураш боз чизе гуфтанӣ буд, вале хушдоманаш, Фотимахола аз бозуи шавҳараш гирифта ба гӯшаш пичирросзанон ким-чи гуфту мардак оҳи сард кашида аз хона баромад.
Насиба бо димоғи сӯхта ба ҳавлӣ баромада аз паси корҳои рӯзгор шуд. Келинчак умед дошт, ки қурбоққа танҳо як шӯхии хунуки шавҳараш буд, вале шаби дигар Тоҳир сагчаеро оварда ба рӯйи бистари арӯсиашон сар дод...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)