arzon replenishment
Домод маъқул нест, аз хона гурезам?
06.02.2022
Оила
2276

Салом! Умеда ҳастам, аз ноҳияи Ҳисор. Имрӯз дар нимароҳи зиндагӣ дармондааму ба маслиҳатгар ниёз дорам. Пас аз вафоти модарам мани сесоларо ба холаи бефарзандам додаанд, то зери қаноташ калон шавам. Холаам баробари ман як писарчаро ба фарзандӣқабул карда буд ва мо мисли акаву хоҳар шудем. Пас аз хатми мактаб ман ҳуҷҷатҳоямро ба омӯзишгоҳи тиббии ноҳия супоридаму писархонди холаам дар бозори ноҳия аробакаш шуд. Ба наздикӣ шунидам, ки холаам маро бо ӯ хонадор карданист. Хун ба сарам зад. Дар ду дунё ҳам ман зани ин бачаи бесавод шудан намехоҳам, чунки аз як тараф ӯро бародар меҳисобаму аз тарафи дигар ақлу фаросаташ бо ҷаҳонбинии ман мувофиқат намекунад. Қасди аз хона гурехтан дорам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Умеда аз н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД