Sebiston new 2024 october
ДОД АЗ ДАСТИ ҶОДУГАРҲО
3967

Шавҳарам дар коргоҳи бонуфузе вазифаи масъулро иҷро менамояд. 54 сола аст. Ҳанӯз аз оғози оиладориамон паи занони хушрӯй мерафт. Маошу даромади хуб дорад, вале ба мушкилоти хонаводагӣ кам эътибор медиҳад.

Даврони ҷавонӣ шояд бо тарбияи тифлаконам банд шуда, шавҳарамро рашк намекардам. Ҳоло аламам меояду худ ба худ меандешам: Чаро шавҳарам ба занони кӯчагӣ ҳавас мекунаду булҳавасона аз паяшон меравад, вале ба ман беаҳамият аст? Маро «ту пир шудай» мегӯяд. Ў бо беақливу беномусиаш иродаю шавқи зиндагии маро шикастааст. Шоме нест, ки дар хона бошаду гирди дастурхон, оилавӣ нишинем. Бо занон ба тарабхонаҳо меравад ва дар меҳмонхонаҳо то соатҳои 2-3-и шаб мемонад. Мехоҳам ба Русия равам, чунки дигар ин ҳамаро тоқат карда наметавонам. Танам дардманд аст. Моро маъшуқаҳои шавҳарам ба ҳам хунук намудаанд. Бисёр мехоҳам, ки оилаамро аз парокандагӣ нигоҳ дорам, вале бо чунин ҳол ин мумкин аст?

Муҳайё, н. Сино

МАСЛИҲАТ:
Мунира! Аввалан, паи табобату барқарор гардонидани
худ шавед. Одами носолим ба касе лозим нест. Замона чунин шудааст. Баъдан, шуморо истироҳат лозим аст. Назди равоншинос рафта, маслиҳатҳои ӯро гиред. Гуфтед, ки шавҳаратон ҳанӯз аз ҷавониаш булҳавас буд. Ўро дигар кардан амри маҳол аст, бинобар ин, шумо ба худ бештар аҳамият диҳед. Либосҳои хушрӯю шинам пӯшида, ба хонаи
дугонаҳои деринатон ба меҳмонӣ равед. Кӯшед, табъатон болида бошад. Шавҳаратон хоҳ шаб ояду хоҳ саҳар ӯро бо чеҳраи кушода пешвоз гиред. Аз қавоқи гирифта худдорӣ намоед. Баъди чанд муддат, ӯро ба гуфтугӯи ошкоро даъват намоед. Рашк дар синну соли камолот зебанда нест. Модом, ки шавҳаратон вазифаи масъулро анҷом медиҳад, дӯстони зиёде дорад ва бо онҳо сари маслиҳатҳо менишинаду баъдан ба хӯроки шом (дар ошхонаҳо ё тарабхонаҳо) даъват мекунад. Фикри Русияравиро аз сар дур андозед. Бо ин кор бурд нахоҳед кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД