Садбарг! Ту худат хуб медонӣ, ки ман зану фарзанд дорам, пас чаро мудом мисли соя аз пасам мегардӣ? Сад бор гуфтам, ки ба зиндагии ман дахолат накун, вале ту ҳеҷ гапи хубро нафаҳмидӣ, ки нафаҳмидӣ!
Ту духтар ҳастӣ ва худо хоҳад, бахтатро меёбӣ. Илтимос, беҳуда занг зада, маро дар назди зану фарзандам дар ҳолати ногувор нагузор! Дигар ба ман СМС-ҳои ошиқона нанавис! Аз рӯйи ҳамин номаҳои аблаҳонаи ту чанд маротиба бо занам ҷангу ҷанҷол шудем. СМС-ҳоят қариб маро хонавайрон мекарданд. Чанд бор гуфтам, ки ба ман аз ту ягон чиз лозим нест, вале ту на нанг доштаӣ, на номусу виҷдон! Ҳайронам, ту дар ман чӣ ёфтӣ, ки ин қадар аз пасам медавӣ?
Намедонам ту аз ман чӣ мехоҳӣ. Гумон дошта бошӣ, ки занам ягон рӯз ҷонбезор шуда баромада мераваду ман туро ба занӣ мегирам, беҳтараш ин хаёли хомро аз сарат дур кун! Ман аз ту барин духтари бешарму беҳаё безорам! Мефаҳмӣ, безорам, безор!!!