Дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ “Саноаткунонии босуръат” аз рӯи “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар ҶТ” то соли 2040” барои пешбурди фаъолияти донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои Полиси сайёҳӣ, Тибби сайёҳӣ, Сайёҳии осоишгоҳӣ-табобатӣ, Иқтисоди рақамӣ, Зеҳни сунъӣ, Кибернетикаи иқтисодӣ, Хадамоти консулӣ, Муносибатҳои байналмиллалӣ , Сиёсати берунӣ ва дипломатия вва амсоли инҳо иҷозатнома гирифт.
Асрорзода Убайдулло, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкрии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза ин нуқтаро қайд кард.
Убайдуллоздоа ҳамчунин илова гардид, ки бо дарназардошти талаботи имрӯзаи бозори меҳнат шумораи ихтисосҳо ба 77 адад расонида шуд.
“Гурӯҳи донишҷӯёни мо барои солҳои 202-2023 ба донигоҳи миллии АвруОсиё, Қазон ва дигар кишварҳо сафарбар гардиданд. Ва ин нақшаи дурнамо идома дорад. Аллакай ба сесияи баҳорӣ сафарбар карда шуда истодаанд. Роҳбарияти донишгоҳ ба донишгоҳҳои давлатити Малайзия сафар доштанд. Бо зиёда аз 20 донишгоҳҳои ин кишвар шарномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Тибқи яке аз созишномаҳои басташудаи Малайзия дар нимсолаи дуюм бояд 50 донишҷӯи мо ба он кишвар ва 50 донишҷӯ аз кишвари Малайзия тариқи барномаҳои табодулӣ ба кишвари мо сафарбар шаванд”-гуфт ректор.
Дар нишаст атрофи имтиёзҳои донишҷӯёни ятим баҳсу мунозираҳо сурат гирифта, таъкид шуд, ки шумораи ятимони кул дар ин донигоҳ 16 нафар буда, пурра аз маблағи таҳсил озод карда шудаанд ва онҳо бо идрорпулӣ, хӯроки гарми яквақта ва сару либоси мавсимӣ таъмин карда мешавад.