arzon replenishment
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор мегардад
08.04.2025
Oila.tj
211

Санаи 12-уми апрел дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» дар шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани кадбонуҳои беҳтарин аз маҳаллаҳо, деҳа, деҳот, шаҳраку ҷамоат, шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз моҳи феврал то ин ҷониб баргузор гардид.

Даври ҷумҳуриявии он дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ғолибони ду даври озмун ва кадбонуҳою ҳунармандон гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи озмуни «Кадбонуи беҳтарин» тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД