formula feb 2025
Даври омӯзишӣ вобаста ба ворид намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт
26.02.2025
Oila.tj
421

Дирӯз, 25-уми феврали соли равон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон вобаста ба ворид намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт дар таваллудхонаҳои минтақаи Бохтар барои мудирони шуъба ва акушер-гинекологҳо даври омӯзишӣ гузаронида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт дар таваллудхонаҳо аз ҷониби Маркази омор ва иттилооти тибби вазорат мутахассисони як қатор таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ ба даври омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд ва аллакай ин иқдом дар 4 таваллудхонаи пилотии шаҳри Душанбе дар амал ҷорӣ гашта истодааст.

- Дар назар аст, ки пас аз ҷорӣ гардидани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт дар таваллудхонаҳои мамлакат ҳамзамон дигар бахшҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ марҳила ба марҳила ба системаи ягонаи электронии ҷамъоварии маълумот низ ворид карда шаванд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД