Ман вақтҳои охир тез-тез ба бемориҳои занона мубтало мешавам. Хоришу газаки бачадон ва рафтани моеи сафед, ки маъмулан онро тарашуҳот (выделения) мегӯянд, ҷонамро ба лаб овардааст. Мегӯянд, ки одам ғар, яъне бадгашт бошад, ба чунин иллатҳо мубтало мегардад, вале ман зани тарпоча нестам. Ба ғайр аз шавҳарам то имрӯз ягон мард дастамро надоштааст. Аз мардакам гумони бад бурда, чанд бор ҳамроҳаш ҷанг кардам, ки ту аз кадом фоҳишаат ин касалиро ба ман гузарондӣ, вале шавҳарам қасам мехӯрад, ки маъшуқа надорад. Ҳайронам, шавҳарам занбоз набошад, ман бо каси дигар алоқа надошта бошам, пас ин дард аз куҷо пайдо шуд?
МАСТОНА, аз шаҳри Норак
Ба хотири ҷавоб гирифтан ба ин саволи хонандаамон мо ба табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ муроҷиат намудем. Ин табиби машҳур баъди фаҳмидани арзи ҳоли Мастонабону чунин гуфтанд:
- Ба ин хоҳари азиз бигӯед, ки беҳуда “ту аз кадом маъшуқаат ин касалиро оварда, маро ҳам ба ин дард гирифтор кардӣ” гуфта, бо шавҳарашон ҷангу ҷанҷол накунанд. Ин бемориҳо натанҳо бар асари бадгаштӣ ба вуҷуд меоянд, балки сабабҳои дигар низ доранд. Микробҳо аз маҳбал (вагина) ё органҳои ҳампаҳлу ба монанди гурда ва пешобдон ба бачадон гузашта метавонанд. Системаи муҳофизатии ҷисми зан-иммунитеташ суст бошад ва бар замми ин, худаш хастаю асабонӣ бошад, микробҳо ба зудӣ ӯро ба осонӣ ба газаки бачадон мубтало месозанд. Вақтро беҳуда ба ҷустани гунаҳкор сарф накарда, аз пайи табобат шудан лозим аст. Ман чанд роҳи табобати халқиро тавсия медиҳам, ки ба осонӣ ин мушкилиҳоро бартараф карда метавонанд.
Барои табобати газаки бачадон
Миқдори баробари гиёҳҳои буймодарони маҳинбарг, барги зуф, гули говзабон, ҳамешабаҳор, бодранҷбуя, гулу барги газнаро нағзакак бо ҳамдигар омехта намоед ва 2 қошуқашро дар термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯш резеду монед ним соат истад. Пас аз ин гиёҳобро полонда, рӯзе се маротиба, ним соат пеш аз хӯрок 100 грамӣ бинӯшед. Асал андозед, боз беҳтар мешавад.
Барои нест кардани тарашуҳот
Ду қошуқ барги дарахти чормағзро дар ним литр оби ҷӯш як соат дам партофта, сипас соф кунед ва ба василаи обдузд (груша) ба бачадон резед. Ин амалро то пурра нест шудани тарашуҳот давом додан лозим аст.
Барои халосӣ аз хоришак
Пештар занҳои тоҷик худро бо зочи сафед табобат мекарданд. Ним қошуқчаи чойхурӣ зочи сафедро дар ним истакон оби ҷӯшидагии ширгарм об карда, бо обдузд ба дохили бачадон пошед, микробро ба зудӣ мекушад. Мабодо чӣ будани зочи сафедро намедониста бошед, аз гиёҳфурӯшону атторон пурсед, ёфта медиҳанд. Дар баробари давоҳое, ки фармудем, шумо бояд ҳамчунин ба ғизои худ диққати махсус диҳед. Хӯрокҳои серкаллория хӯред. Ҳар рӯз ба дастурхонатон меваю сабзавот гузошта, ҷисми худро аз витаминҳо шодоб созед, он гоҳ микробу бемориҳо аз шумо мегурезанд!