Arzon march 2024
Давоҳои халқӣ барои халосӣ аз дарди гӯш
878


Бо сар шудани фасли тирамоҳ ва хунукиҳо кӯдакон тез-тез ба гӯшдард гирифтор мешаванд. Гӯшдард дарди бисёр ҷонкоҳ буда, кӯдак бисёр ноором мешавад ва бошиддат мегиряд.

Аксари модарони ҷавон намедонанд, ки дар ин ҳолат чи гуна ба фарзанди беморашон ёрӣ расонанд. Ба хотири кӯмак ба модарон имрӯз мо дар бораи баъзе давоҳои халқӣ маълумот медиҳем, ки барои халосӣ аз дарди гӯш ёрӣ мерасонанд.

Кӯдаки шумо гӯшдард шуда бошад, метавонед ба гӯши фарзандатон равғани бодом ё равғани чормағз чаконед. Ин равғанҳоро як қатрагӣ дар як рӯз 3 маротиба ба гӯши кӯдак чакондан лозим аст. Равған бояд на гарму на сард, яъне ширгарм бошад.

Гиёҳоби календула низ дарди гӯшро паст намуда, вирусу инфексияро нест мекунад. “Камфорный спирт”ҳам барои раҳоӣ аз дарди гӯш таъсири хуб мерасонад, ва “Камфорноме масло” ҳам чунин хусусиятро дорад. Танҳо як гӯши кӯдак дард кунад ҳам, даворо ба ҳарду гӯшаш чакондан лозим аст, то ки инфексия паҳн нашавад ва фарзанди шумо ба зудӣ аз эҳсоси нороҳаткунанда ва тоқатфарсои дарди гӯш халос шуда, бароҳат бихобад.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД