formula
Давлатзода: Ҳамкории байналмилалии донишгоҳ ривоҷ меёбад
241

 

Соли 2023 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо 19 муассисаи давлатҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Ҳадаф аз имзои ин созишномаҳо густариши муносибатҳои ҳамҷаворӣ, амалӣ намудани табодули академии устодону донишҷӯён ва дарёфти шарикони рушд аст. Дар ин хусус ректори донишгоҳ Давлатзода Қудрат Қамбар дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд бо донишгоҳҳои олии давлатҳои хориҷӣ дар соли таҳсили 2023 -2024 102 донишҷӯ аз давлатҳои гуногун, аз ҷумла, Федератсияи Русия, Узбекистон, Чин, Афғонистон, Туркманистон ва Қатар дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Донишгоҳ ҳамкории байналмилалиашро ривоҷ дода, дар маҷмуъ бо 125 донишгоҳ ва созмону ташкилоти байналмилалӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Соли 2023 ин нишондиҳанда ба 4 адад баробар гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД