arzon replenishment
Даъвати тирамоҳӣ: Корҳои тарғиботӣ шуруъ шуданд
483

То оғози даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ки ҳамасола 1 октябр шуруъ гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад, рӯзҳои башумор мондаанд.

Аллакай масъулини мақомоти вобаста ба даъват дар якҷоягӣ бо кормандони Комиссариати ҳарбӣ барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ин тадбирҳои заруриро ба роҳ мондаанд.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мавсими даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст. Яке даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аст, ки аз 1 апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад. Дуюмӣ- ин даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аст, ки аз 1 октябр шуруъ шуда, то охири моҳи ноябр идома меёбад.

Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват мешаванд.

Тавре ки қаблан хабар додем, 31 августи соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005» ба тасвиб расид.

Тибқи он аз аввали моҳи октябри соли равон дар мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Дар робита ба ин, аллакай бо иштироки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратии мамлакат, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ якчанд ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни пешаздаъватӣ баргузор гардида истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тарҳи нав қабул карда шуд, ки он аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, тамоми самтҳои фаъолияти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳоеро, ки ба қайд гузоштани хизмати ҳарбиро ба танзим медароранд, дар бар мегирад. Мутобиқи ин қонун, ҳамасола теъдоди муайяни шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами давлатҳои дуру наздики хориҷӣ таҳия гардида, ба талабот ва шароити ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД