35 years of independency
Даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз имрӯз оғоз шуд
01.10.2026
Oila.tj
165

Маъракаи тирамоҳии даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз имрӯз, 1-уми октябр оғоз гардид. Дар рӯзи аввали маърака Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Бохтар ва ноҳияи Тоҷикобод аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.

Тибқи иттилои мақомоти ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи даъвати ҷавононро дар рӯзи аввал 101 дарсад иҷро кардаанд.

Ҳамзамон, шаҳрдории Бохтар ва мақомоти ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ин минтақаҳо низ дар рӯзи аввал 100 дарсад иҷро шудааст.

Дар шаҳри Душанбе низ маросими гусели наваскарон баргузор шуда, маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ расман оғоз гардид. Маросим дар толори “Амфитеатр”-и шаҳр бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, ҷавонон, волидони даъватшавандагон ва дигар масъулин баргузор шуд.

Тибқи фармони Президенти Тоҷикистон, маъракаи тирамоҳии даъвати шаҳрвандони синни 18 то 27-сола аз 1-уми октябр оғоз шуда, то охири моҳи ноябр идома мекунад. Дар ин маърака ҷавонони солҳои таваллудашон 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД