Даъвати блогери тоҷик Жасмин Назариева ба Кумитаи дин барои маросими “Gender party”
Блогери тоҷик Жасмин Назариева барои баргузор намудани маросими “Gender party” ба Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон даъват карда шудааст. Дар ин бора Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим хабар дода, навиштааст, ки блогери 23-сола ба хотири фаҳмидани ҷинси кӯдаки дар батн буда маросими “Gender party”баргузор намуда, ба таври намоишкорона навори онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудааст.
Ба иттилоъи кумита ин амал хилофи моддаи 11-и қонуни танзими ҷашну маросим аст, ки баргузор намудани хатнасур ва маросимҳои дигари вобаста ба таваллуди кӯдакро бо иштироки доираи васеъи меҳмонон манъ мекунад.
Кумитаи дин мегӯяд ин маросим ба фарҳанг, суннат ва арзишҳои миллии мардуми тоҷик созгор нест. Аз Жасмин Назариева барои такрор накардани чунин амал баёнот гирифтаанд.
Кумитаи дин аз сокинони кишвар хостааст, ки аз баргузор намудани чунин маъракаҳои тақлидӣ, ки барои ҷомеаи мо бегона буда, боиси ташвиқи намоишкорӣ ва исрофкорӣ мегарданд, худдорӣ намоянд.