sebiston july new
Дастпарварони Мубин Эргашев тими Тайландро мағлуб карданд
293

 

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон то 23-сола дар даври ниҳоии марҳилаи сеюми гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 дар чаҳоргонаи “С” бо тими Тайланд бозӣ кард.

Ин дидор рӯзи 22-юми апрел дар варзишгоҳи Ал-Ҷануб дар Доҳа баргузор шуда, футболбозони тоҷик зери роҳбарии Мубин Эргашев вориди майдон шуданд.

Ягона голи ин вохӯриро дар дақиқаҳои иловагии қисми дуюм Манучеҳр Сафаров ба самар расонид ва тими миллии кишвар ғалаба ба даст овард.

Аммо, мутаассифона, ин ғалаба дастпарварони Мубин Эргашевро ба даври баъдӣ бароварда натавонист ва дар ҳаминҷо Ҷоми Осиё 2024 (U-23) барои тоҷикон ба анҷом расид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД