Дастовардҳои Лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” ва дурнамои рушди рақамикунонии соҳаи андоз дар Тоҷикистон
23.12.2025
Oila.tj
30

Бо ибтикори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22-юми декабри соли 2025 дар меҳмонхонаи “Кроун-Плаза”-и пойтахт ҷаласаи муштараки Кумитаи ҳамоҳангсозии Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз ва Шӯрои машваратии андозсупорандагон доир гашт.

Чорабинӣ ба мавзуи муҳим - татбиқ ва дастовардҳои Лоиҳаи “Амалиёти ислоҳоти андоз” ва дурнамои рушди рақамикунонии соҳаи андоз дар Тоҷикистон бахшида шуда, дар он намояндагони вазорату идораҳои гуногуни давлатӣ, ташкилотҳои хориҷӣ, ширкатҳои ватанӣ ва ассотсиатсиятҳои соҳибкорон иштирок доштанд.

3_49

Чорабиниро Солеҳзода Аюбҷон Маъруф, муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, баъдан оид ба рафти татбиқи Барномаи амалиёти ислоҳоти андоз дар ҷумҳурӣ маълумот доданд. Зикр гардид, ки Лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” ва дурнамои рушди рақамикунонии соҳаи андоз дар Тоҷикистон, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад, ба иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030, Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025 ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ равона гардида, ба ташкили низоми самаранок, шаффоф ва пешгӯишавандаи андоз, таҳкими устувории молиявии давлат, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ нигаронида шудааст.

Лоиҳаи мазкур ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи андоз, ҷорӣ намудани платформаҳои муосири рақамӣ ва низомҳои автоматикунонидашудаи идоракунии андоз мусоидат менамояд.

“Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” ва дурнамои рушди рақамикунонии соҳаи андоз дар Тоҷикистон ба афзоиши устувори даромадҳои буҷети давлатӣ тавассути таҳкими интизоми андоз, васеъ намудани манбъҳои андозбандӣ ва баланд бардоштани самаранокии институтсионалии мақомоти андоз шароит фароҳам меорад. Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи мазкур ташаккули низоми шаффофу самараноки андоз, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи риояи ихтиёрии қонунгузории андоз мебошад,-гуфт Аюбҷон Солеҳзода ва таъкид намуд, ки сиёсати андоз имрӯз дар тамоми ҷаҳон тағйир ёфта, бидуни гузаронидани ислоҳот рушди ин соҳаи муҳим ғайриимкон мебошад.

4_43

Дар чорабинӣ ҳамчунин Восидиён Фарҳод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба натиҷаҳои ҳамоҳангсозии татбиқи барномаи маъмурикунонии андоз ва лоиҳаҳои ислоҳотии андоз бо мақомоти давлатӣ маълумот дод.

“Натиҷаҳои мониторинги лоиҳа нишон дод, ки Кумитаи андоз дар самти рақамикунонии соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Истифода аз барномаю модулҳои компютерӣ, зеҳни сунъӣ ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои зиёди электронӣ барои андозсупорандагон боиси шаффоф гаштани низоми андоз ва коҳиш ёфтани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ гаштааст”,- гуфт зимни суханронии хеш Фарҳод Восидиён.

Дар чорабинӣ намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ширкат доштанд ва аз натиҷаҳои лоиҳа изҳори қаноматмандӣ намуда, таъкид карданд, ки “ин лоиҳа барои Бонки ҷаҳонӣ як лоиҳаи махсус ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи лоиҳаҳои хеле муваффақ мебошад. Бонки ҷаҳонӣ минбаъд низ лоиҳаҳоеро, ки ба ислоҳоти соҳаи андоз нагаронида шудаанд, дастгирӣ хоҳад кард”.

Дар рафти чорабинӣ кормандони мақомоти андоз Собирҷон Вазиров, Амриддин Сатторзода ва Собирҷон Исоев дар боби самтҳои стратегӣ ва сиёсати андоз, соҳибкории иҷтимоӣ ва андозбандию танзими тиҷорати электронӣ маълумот доданд. Аз ҷумла, Собирҷон Вазиров дар бораи ребрединг ва тағйир ёфтани рамзи мақомоти адоз сухан ронд. Собирҷон Исоев бошад, зимни баромади хеш дар боби рушди тиҷорати электронӣ дар кишвар маълумот дод ва таъкид намуд, ки андозбандии субектҳое, ки бо тиҷорати электронӣ машғул мебошанд, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдои электронӣ” аз 24.12.2022 таҳти рақами №1921 сурат мегирад ва имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4500 нафар бо тиҷорати электронӣ машғул буда, маблағи андоз аз тиҷорати электронӣ 222,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

2_54

Дар рафти чорабинӣ ҳамчунин ба масъалаҳои дигари муҳим, аз қабили пешниҳоди имтиёзҳои муайян барои андозсупорандагон, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод гаштани соҳибкорон ва ширкатҳое, ки панелҳои офтобӣ ва қисмҳои онро ба ҷумҳурӣ ворид менамояд, рушди иқтисодиёти сабз, мошинҳои барқӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайра сухан рафта, байни иштирокчиёни ҷаласа ва масъулини мақомоти андоз саволу ҷавоб сурат гирифт.

Таъкид карда шуд, ки татбиқи лоиҳаи «Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” ва дурнамои рушди рақамикунонии соҳаи андоз дар Тоҷикистон ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат расонида, ба баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти маъмурикунонии андоз, таҳкими эътимоди соҳибкорон, беҳтар гаштани муҳити соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои ҷалби сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ супориш доданд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин «Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» қабул ва татбиқ карда шавад. Кумитаи андоз бо мақсади иҷрои супориши мазкур ба омодасозии лоиҳаи барномаи нав шуруъ намудааст, ки ҳадафҳои навбатии он трансформатсияи рақамӣ, коҳиш додани иқтисодиёти пинҳонӣ ва баланд бардоштани шаффофияти андоз мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД