Зуҳал пушаймон шуд, ки чаро дар ин бегоҳирӯзӣ танҳо ба роҳ баромад. Ҳатто тугунчаи пулашро аз ёд баровардааст. Дар истгоҳ мунтазири нақлиёти ҷамъиятӣ хавотиромез ба гирду атрофаш менигарист.
Аҳён-аҳён мусофирон пайдо мешуданду аз интизорӣ дилтанг шуда боз пиёда роҳашонро идома медоданд. Дуртар аз Зуҳал марди тахминан 40-45 солаи ситорахунуке меистоду ҷониби ӯ беҳаёона чашмакӣ мезад. Ба тани Зуҳал аз тарсу воҳима мурғак дамид. Худро дар дил коҳишу маломат менамуд, ки чаро аз дугонааш курта гирифт. Охир дар базми солинавӣ ҳамон курати комбахти обшустааш шудан мегирифт. Зуҳал ханӯз донишҷӯйи курси якум асту аз деҳот то ин дам ба ҷои дуртаре нарафта буд. Чӣ шуду дар шабнишинии соли навиашон аз ҳамсабақаш барои як рӯз курта пурсида буд.
Имрӯз бегоҳи ҳамсабақаш занг зада, бо исрор талаб кард, ки куртаашро биёрад. Ноилоҷ осемасар роҳи хонаи ӯро пеш гирифт. Вақте ба истгоҳ расид, даст ба сумка бурду ҳамагӣ 20 дирам дарёфт, то хонаи дугонааш бошад ҳоло ду самти дигар буд. Фасли зимистон буду торикӣ аллакай доман паҳн намуда буд. Аз микроавтобуси 13 дараке набуд, ки набуд. Дигар мусофирон низ ба чашм намерасиданд. Ногоҳ он марди хунукбашара, ки кайҳо боз Зуҳалро бо чашм «шикор» карда истода буду фурсати мувофиқ меҷуст наздаш омада бешармона гуфт: -Ҳа духтараки хушрӯ, тоқаӣ? Меравем ба хонаи ман. Як шаб меҳмонат мекунам. Зуҳал аз «Ошиқ»-и шилқин дуртар рафта ба саволаш ҷавоб надод. Мард аз ин нописандӣ ба ғазаб омада ҷонибаш давида аз оринҷаш дошт. -Чӣ иқа ламатса мекунӣ? Очата… фалон кунум. Ҳозир, ба нағзӣ қати ман мерӣ, фаҳмидӣ? Зуҳал дасташро ба зурӣ аз дасти ин ситораи хира кашиду дод зад: -Амак, дастатонро гиред, Вагарна ҳозир дод мезанам.
-Акаҷон, илтимос маро аз ин ҳайвон халос кунед. Ман ӯро тамоман намешиносам. Илтиҷо мекунам, маро наҷот диҳед. Ронанда чизеро нашунидагӣ барин, хомӯш мошинро идора мекард. Мард Зуҳалро маҷбурӣ ба оғӯш кашида мегуфт:
-Хомӯш шин, касе ба доди ту намерасад. Беҳтараш маро хурсанд куну ҳаққатро гир. Дар истгоҳи назди бозори баракат хушбахтона корманди БДА мошинро боздошт. Зуҳал аз шодӣ қариб буд, ки дилкаф шавад. Дари мошинро бо шаст кушоду ҷониби корманди БДА шитофт. -Акаҷон, илтимос ба ман кӯмак намоед. Ин мард маро маҷбурӣ бурда истодааст. Корманди БДА мардро дашноми қабеҳе доду Зуҳалро ба мошини шиносе шинонда таъин кард, ки то ҷойи гуфтагиаш бурда расонад.
АЗ МУАЛЛИФ:
Ин воқеаи рӯйи қоғаз омада ҳамагӣ як ҳафта пеш ба вуқӯъ омада буд. Ва худи Зуҳал он лаҳза фоҷеаборро ба ман нақл карда гуфт, ки хайрият дар ин замон ҳам мардҳои мусулмону боимон ёфт мешудаанд, вагарна ҳаёту номуси ман бо сабаби як соддалавҳиам барбод мерафт. Ҳадаф аз овардани ин қисса дар он аст, ки барои дигарон дарси ибрат шаваду духтарон эҳтиёткор бошанд, зеро метавонад ҳам тақдирсоз ва ҳам тақдирсӯз бошад. Боқӣ, қазовати онро ба Шумо хонандагони азиз ҳавола мекунем.