Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз як ҳолати пушти дари баста мондани ноболиғе хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, 27-уми октябри соли 2025, соати 23:51 дақиқа як сокини кӯчаи Суҳроб Шарифови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зада, хабар додааст, ки дари хонаи истиқоматиаш аз дохил баста шудааст ва наметавонад ворид шавад. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки дар дохили хона хоҳари ноболиғаш танҳост.
Бо дарёфти хабари мазкур соати 23:54 дақиқа гурӯҳи 2-юми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 3 нафар фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, бо истифода аз дастгоҳҳои махсус дари хонаро боз кардаву соати 00:25 дақиқа бо соҳиби хона вориди манзил шудаанд. Духтарчаи 11-солаи танҳо сиҳату саломат будааст.
Кормандони наҷот бо соҳиби хона ҳамсуҳбат шуда, ӯро аз пайомадҳои эҳтимолии нохуши дар хона танҳо мондани ноболиғон огоҳ кардаанд.