Имрӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, хормейстр, дирижёр, донишманди варзидаи соҳаи мусиқӣ, собиқ директори Театри давлатии опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ, Холмаҳмад Маҷидов дар доди 75-солагӣ даргузашт.
Марҳум 15-уми ноябри соли 1948 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1967 Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва соли 1971 Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи Мухтор Ашрафиро хатм кардааст. Солҳои 1972-75 директори мактаби мусиқии н. Москва (ҳоло ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ)-и вилояти Хатлон, аз соли 1975 хормейстер ва аз соли 1981 сархормейстри Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айн буд.
Маҷидов донандаи хуби мусиқӣ ва навозандаи якчанд созҳои гуногуни мусиқист буда, фаъолияти кориаш чун хормейстер аз соли 1973 оғоз ёфтааст. Солҳои 1973-75 хормейстери сурудҳои дастаҷамъии ноҳияҳои Москва, Муъминобод, Ховалинг, Фархор, Кӯлоб ва Панҷакент дар озмуни «Бӯстон» буд.
Дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ зиёда аз 100 опера ва намоишномаҳоро барои атфолу наврасон ба саҳна гузоштааст. Соли 1998 хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳбарии Маҷидов дар Озмуни байналмилалии хорсароён бо иштироки 39 кишвар ҷойи дувумро соҳиб гашт.
Барномаи сурудҳои халқии дастаҷамъии Театр низ дар ҳамин озмун ғолиб дониста шуд. Маҷидов хониши чандин сурудҳои дастаҷамъиии ҷашнҳову намоишҳои ҷумҳуриро низ роҳбарӣ кардааст.
Номи ӯ соли 2020 бо як пешниҳоди ҷолибаш ба сархати расонаҳо роҳ ёфт. Он замон Маҷидов пешниҳод карда буд, ки Суруди миллиро бояд тағйир диҳему шеъри Лоиқ Шералӣ ё Низом Қосимро ба ҷойи матни Гулназар Келдӣ интихоб кунем. Оҳангаш ҳам тибқи пешниҳоди Маҷидов бояд тағйир меёфт.
Ӯ далел пеш оварда буд, ки Суруди миллии мо дар замоне пазируфта шуд, ки ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва ба Ваҳдати миллӣ нарасида будем ва дар қабули он мутахассисони ҳирфавӣ ширкат надоштанд.
“Вакилони мардумӣ ба як мутахассис, композитори шодравон Дамир Дӯстмуҳаммадов, эътимод бастанду бовар намуданд. Барояш пазируфтани оҳанги пешини Гимн, ки муаллифаш Сулаймон Юдаков буд, беҳтар маҳсуб мешуд, чун бо ӯ дигар рӯ ба рӯ шуда наметавонист. Ҳамин тавр, оҳанги Сулаймон Юдаков ва матни устод Гулназар Келдиро дар охир пазируфтанд», - даъво дошт марҳум.
Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар вокуниш ба ин пешниҳод гуфта буд, ки зарурати тағйири Суруди миллӣ нест.
“Агар Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нигоҳи илми мусиқишиносӣ ҳамчун жанри мусиқӣ таҳлил намоем, пас хоҳем дид, ки дар он тамоми хусусиятҳое, ки барои Суруди миллӣ заруранд риоя карда шудааст. Яъне ҳам сохтори зарбӣ, ҳам лаҳн ва гардиши мусиқии махсус, яъне фосилаи квартаи тоза, ки дар тамоми сурудҳои миллии дунё истифода карда мешаванд. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оҳанги мутантани лаҳнҳои омехтаи мажорӣ ва минорӣ эҷод шуда, хело фораму гӯшнавоз ва дилрас садо медиҳад. Мувофиқати ҳар як тақтеи мусиқӣ бо калимаву ибораҳои шеъри шоири зиндаёд Гулназар ба ҳусни он таровати тоза зам намуда, иҷроиши онро табииву гуворо намудааст. Яъне, ҳам дар матн ва ҳам дар оҳанги Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусиятҳои соф миллии назми ҳазорсола ва мусиқии куҳанбунёди тоҷикон, орзуву армони халқи фарҳангсолору тамаддунофари тоҷик таҷассум ёфтааст”, - навишта буд Раёсати ИКТ.
Ёдовар мешавем, ки Маҷидов пас аз хатми Консерваторияи Тошканд чанд сол ба ҳайси роҳбари калони хор ва баъдан директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ кор карда, бевосита дар ташкил, омодасозӣ, қабул ва супоридани бисёр консертҳо, операҳо ва намоишҳо, ки дар онҳо барои хурсандии тамошобинон мусиқии классикӣ, опера ва халқӣ садо медод, иштирок дошт.