Arzon march 2024
Дарди дили раққоса
1869


Нилуфар Қурбонова 15-сол аст, ки бо рақси мавзунаш дили ҳаводоронашро шоду базмҳоро гарм месозад. Ин раққосаи моҳир бо ҳар як ҳаракати дасту ангуштонаш маънии сурудро ба мухлисони савту наво мерасонад, вале...

Ӯ аз хурдӣ орзуи раққосаи касбӣ шуданро дошт ва идеалаш раққосаи шинохта Нилуфар Тоҷибоева буд, ки дар ансамбли рақсии "Чаманоро " фаъолият дорад.
"Вақте қадамҳои нахустини худро дар ҷодаи рақс гузоштам, ростӣ хеле хурсанд будам, ки дар клипу консертҳо баромад мекунам ва мардум маро мешиносанд. Ёдам ҳаст, ки ҳамон солҳо ҳангоми дар кӯчаҳо гашту гузор карданам мардум маро дида, бо ангушт ишора карда мегуфтанд: "Эээ ин хамун артиска ку...” Аз чӣ бошад, ки то имрӯз назари мардум ба раққосаҳо дигар шудааст. Фарҳанги мардуми то ҳадде коста шудааст, ки ба раққосаҳо бо чашми таҳқир менигаранд”- мегӯяд Нилуфар Қурбонова.
Нилуфар Қурбонова хатмкардаи Коллеҷи санъат ба номи Содирхон Ҳофиз ва факултаи санъати ДДХ буда, айни замон аспиранти бахши хореографияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

“Ман аз деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич ҳастам ва урфу одат, ба истилоҳ минталитети мардуми деҳро хуб медонам. Дар деҳаи мо, ки беш аз 11000 аҳолӣ дорад ягон духтар ҳофиза ё раққоса нест. Ростӣ ман ҳанӯз замони мактабхонӣ мешоҳида мекардам, ки дар тамоми чорабиниҳо духтаррон дар масъалаи суруду рақс нисбат ба писарон бамаротиб фаъол буданд, аммо ҳамин, ки синфи 7-8 шуданд, ҳатман волидонаш духтаронро аз иштирок дар чорабиниҳои мактабӣ маҳрум мекарданд. Ҳамин тавр истеъдодҳо худ аз худ завол меёфтанд ва несту нобут шуда мерафтанд”-мегӯяд бо ҳасрат қаҳрамони мо.

Ба андешаи Нилуфар Қурбонова, вақте масъалаи оиладоршавии духтар ба миён меояд, агар дар саҳна баромад карда, раққоса ё ҳофиза бошад, ин амали духтар аз ҷониби аҳли ҷомеа номақбул ҳисобида шуда, ҳунараш гӯё “санге” дар сари роҳи хостгорон мегардад, аз ҳамин хотир волидон монеъи ба ҷодаи санъат қадам ниҳодани духтаронашон мешаванд.
“Дар кӯча ҳам агар зан ё духтаре либоси танг ё диққатҷалбкунанда пӯшида бошад, ҳатман мегӯянд“эй инро бинед, мисли раққосаҳо пӯшидааст”, саризан бе рӯймл бошад, лабашонро инҷ карда “худашро артиста кардааст” гӯён, ба ҳоли он зан механданд”-мегӯяд ин раққосаи моҳир.

Нилуфар ҳанӯз оиладор нест. Албатта ӯ ҳам мехоҳад мисли дигар бонувон соҳиби оилаи обод ва фарзандони дӯстрӯяк гардад, вале...
“Хостгорхо ҳастанд, вале касби маро қабул намекунанд. Мехоҳам ҳамфикри худро пайдо намуда, баъд оила барпо намоям, т ки тавнам дар оянда касбамро давом диҳам. Намедонам то кадом дараҷа ба ин мақсадам ноил мегардам”-мегӯяд Нилуфар.
Чаро ҷомеаи кунунӣ раққосаҳо ва умуман санъати рақсро дуруст дарк намекунанду онро ба як касби паст шабоҳат медиҳан? Оё афкори мардумро нисбати ин касб иваз карда мешавад?

Фарзона Муродӣ
Мадина Почоева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД