Sebiston new 2024 october
ДАРДИ ДИЛИ АРӮСИ ТИЛЛОПӮШ
24.06.2021
ДИЛОШУБ
5477

 

Ҳама ба ману ба зиндагии ман ба ҳавас менигаранд, чун маро хусуру хушдоманам савори мошини бадвоҳимаи хориҷӣ ба тӯю маъракаи хешу табор мебаранд, даҳани ҳама ба қавле меканад.

Хешу табор маро байни худашон арӯси тиллоӣ меноманд.Зеро ҳар ангуштарини ман нархи як хонаи якҳуҷрагӣ дар пойтахт аст, куртаву рӯймолу пойафзоламро низ аз хориҷа бо фармоиши махсус меоранд. Зеро ман келини яке аз хонадонҳои сарватманди кишвар ҳастам, ҳамсари писари ягонаашон, вале касе аз дардҳои сӯзони дили ман хабар надорад…

  Хандаи бахт

Ман дар оилаамон байни чор бародар духтари ягона ва нозпарварди волидайн мебошам. Падару бародаронам ба тиҷорат сару кор доранд. Дар авлоди мо духтарон баъди хатми мактаб зуд ба шавҳар мебароянд ва ман низ аз ин шумул истисно набудам. Хостгорони зиёде доштам, вале падарам бо диққат домод хуш мекард ва домоди арзанда ба пойи худаш омад. Аммаи ягонаам зодрӯз дошту ман чун ҳарвақта барои ёрӣ додан ба хонааш рафтам, бегоҳ дар қатори меҳмонон хушдомани ҳозираам ҳам буду бо як дидан ба қавли худаш ба ман «ошиқ» шуд. Амаам ин хушхабарро дарав ба волидонам расонд ва гуфт, ки сарватмандтарин хонадони шаҳр ба Бону харидор шудаанд. Волидайнам аз хурсандӣ намедонистанд чӣ кор кунад ва Худо мегуфтанд, ки хостгорон аз ин хонадон биёянд. Ва омаданд...

Хостгорон- падару модари домодшаванда бо ифтихор дар бораи писари бонкирашон, ки дар Амрико ким-кадом донишгоҳи бонуфузро хатм намуда буд, сухан мегуфтанд. Хулоса, моро фотеҳа карданд, ҳатто аз ман напурсиданд, ки ту розӣ ҳастӣ ё не? Домодро дидан мехоҳӣ ё не?Ман ҳам калонтарҳо аз ман хубтар медонанд гуфта, дам ба дарун гирифта шиштам.

   Арӯси тиллоӣ

Пас аз як ҳафтаи хостгорӣ сару поямро оварданд, пайвандон аз дидани ин коло дасташон дар сарашон монд. Матоъҳои овардаи тарафи домод ҳама зарҳалию ҷилодор, пойафзолу дигар сару по қимматтар аз он. Тиллои сафеди алмосдору дигару дигар…

Хулоса, мардуми дидагӣ ҳангу манг шуданд. Хушдоманшавандаам онҳоро як-як дар дасту гӯшу гардани ман овехта, садҳо бор садқаву балогардонам мешуд, худситоӣ айб аст, аммо ман ҳам бисёр духтари зебо ва арзандаи ҳама гуна ҷиҳоз будам. Хушдоманам бо мошинаш худаш омада, маро назди тарроҳон мебурду куртаҳоямро медӯзонд, дар як муддати кӯтоҳ мо бо ҳам унс гирифтем. Зевархон- ин зани ниҳоят зебову меҳрубонро дӯст доштам, ӯ сурати писарашро аз телефон ба ман нишон дода, бо оҳанги дилсӯзӣ гуфт:

-Ардашеракам ҳамеша банди кор аст. Боз ҷавони шармгин низ ҳаст, ҳамин қадар мегӯям, ки арӯсатро як борак худат назди дӯзанда бар, не мегӯяд.

Ардашер низ мисли волидонаш қадбаланду зебо ва хушсурате буд, ба як дидан ба сурати ӯ дил бастам. Пас аз як моҳи тайёриҳо тӯйи мо хеле бо ҳашамату дабдаба баргузор гашт. Ҳама ба ману Ардашер нигариста, чӣ ҷуфти зебо гуфта мемонданд, аммо домод ба ман ҳеҷ илтифот надошт…

   Домоди бемеҳр

Ардашер аз шаби аввал ба ман бедил буданашро маълум кард, ӯ ҳамроҳи дӯстонаш ба Варзоб рафта, дер омаду дар хонаи дигар хоб кард. Рӯзи дигар худро ба беморӣ зад, танҳо шаби сеюм мо ба ҳам омадем. ӯ хеле нописандона бо ман муносибат мекард, ман чизе нагуфта, бо чеҳраи кушода худамро хурсанд нишон медодам. Оҳиста-оҳиста бо шавҳари бемеҳрам одат кардам, ӯ дар як ҳафта як бор бо ман ҳамбистарӣ мекард.

Дигар шабҳо то дер бо телефон андармон буд ё китоб мехонду хоб мерафт, ба ман ягон чӣ даркор шавад, гап мезад, дигар хомӯш бо роёнаву телефонаш банд буд. Хушдоманам ин ҳамаро эҳсос мекарду хонаро хилват карда, насиҳатам мекард, ки коре карда, дили шавҳарамро ёбам. “ӯ дар Амрико хонда, мисли ҳамунҳо одамгурезу кӯҳрӣ шудааст, ҳеҷ тоҷикияташ намондааст” мегуфт бо гиря, аммо ман гумон мекардам, ки ин ҷо дигар сир аст. Дар ҳавлии дуошёнаи хусуру хушдоманам мо чор нафар зиндагӣ мекардем. Ду хизматгорзан ва як боѓбон низ доштем, кори ман ѓундоштани хонаи хоб, ҳавасакӣ пухтани ягон хӯрок ё ширинӣ буд. Ҳатто либосҳоямонро низ ҳамон хидматгорҳо шӯста, дарзмол карда медоданд.

Хушдоманам маро ҳамроҳи худаш ба тӯю маърака, консерту шабнишиниҳо мебурд, хусурам низ бо ман хеле меҳрубон буд. ӯ тоҷир буду умараш дар сафарҳо мегузашт ва аз ҳар сафар бароям тӯҳфаи қимматбаҳое меовард. Хушдоманам маро чун лӯхтак оро дода, ба ҳар ҷо мебурд. Ардашер баъзан бо зарда мегуфт, ки “Очаҷон худатон меравед, ина куҷо мебаред?” Хушдоманам бо меҳрубонӣ мегуфт:

-Бачам, Бонуҷон бояд бо ҳамнишинҳои мо ошно шавад, фардо даркор мешавад.

Ардашер бо қавоқи гирифта посух медод:

-Ёфтед лӯхтакатона… Просто театр,-гӯён, даст афшонда мерафт…

   Косаи зери нимкоса

Баъзан бо маслиҳати хушдоманам худам ташаббус нишон дода, Ардашерро ба оѓӯш мегирифтам, дӯстдорияш мекардам, аммо ӯ аз пешониям бӯсида, канор мерафт. Ростӣ, ин кори шавҳарам аламамро меовард, вале боз худамро медоштам. Азоби рӯҳӣ мекашидам, вале ба касе лаб во намекардам. Зеро модарам ҳамин гуна тарбияам дода буд, ки гапи хонаатро ба кӯча набарор. Доим андеша мекардам, ки барои чӣ Ардашер бо ман ин қадар номеҳрубон аст. Чаро ба дӯстдориҳои ман аз пушти панҷа менигарад, вале сабабашро намеёфтам. Аммо ку сире, ки пинҳон монда? Як шаб шоҳиди гутфугӯи ҳамсарам бо як духтар шудаму ҳамааш равшан шуд…

Бисёр шабҳо Ардашер “ту хоб кун, ман кор дорам” гӯён, дар меҳмонхона назди роёнааш то дер менишаст. Дар яке аз ҳамин гуна шабҳо маро хоб бурдааст, чу бедор шудам, дидам, ки соат се шудаасту Ардашер то ҳол наомадааст. Як бинам гуфта, назди дари меҳмонхона расидам, ки ӯ бо телефон гап мезад:

-Медонӣ чӣ, ӯ бозичаи модарам аст, барои ман арзише надорад. Бале, зебо аст, хушандом аст, меҳрубон аст. Бар замми ҳамин қадар дилсардиҳои ман боре норозигӣ накардааст, аммо дӯсташ намедорам! Бо ӯ чӣ сӯҳбат кунам, дар бораи латтаву путта, дар бори шумораи ангуштарину гӯшвораҳояш?! Модарам ҳаёти маро сухт! Ту дигарӣ азизам, сӯҳбати ту, дониши фарохи ту, латофату назокати ту. Медонӣ, ман коре мекунам, ки мо кӯдакдор нашавем, аз ӯ ҷудо мешаваму туро мегирам… Фақат ту интизор шав…

Гумон кардам, ки аз болои сарам як сатил яхоб рехтанд. Он шаб то рӯз гиристам, рӯзи дигар ин ҳамаро ба хушдоманам гуфта, боз насиҳат шунидам, ки коре карда, дили шавҳаратро ёб! Баъд хушдоманам нақл кард, ки Ардашер як ҳамсинфашро дӯст медошту то ҳол медорад, аммо ман ҳаргиз ӯро келин намегирам!

Ростӣ, намедонам чӣ кор кунам, чӣ гуна дили шавҳарамро ёбам?

Чӣ бояд кард, миёни ин кӯчаи сарбаста раҳгум задаам, илтимос, кӯмакам кунед…

                                                                      

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД