Қутфия ҳанӯз замони дар курси якуми омӯзишгоҳи тиббӣ хондан ба Комрон дил баста буд. Қаду қомати расою чеҳраи зебои Комрон ба ҳамаи духтарони курсашон маъқул буд, вале ин ҷавони бою бадавлат эркачаву ҳавобаланд буду назараш касеро намегирифт.
Муҳаббати Қутфияро кайҳо ҳис карда бошад ҳам, худро ба нодонӣ зада мегашт, чунин вонамуд мекард, ки гӯё ҳеҷ чизро пай намебараду ҳис намекунад. Дигар духтар мебуд, шояд ҳаволаи ҷавони мағрурро ба Худо супурда дасту дилашро аз ин ишқи беҷавоб мешуст, вале Қутфия барои муҳаббаташ то охир мисли Зулайхо мубориза бурда, билохира Комронро ба худ ром кард. Акнун онҳо як лаҳза бе якдигар наметавонистанд.
Қутфия ба дарс дертар ояд, Комрон дарҳол ба ӯ занг зада, дар куҷо буданашро пурсон мешуд, Қутфия низ дар набудани Комрон беқарор мешуд. Пас аз дарс Комрон ҳатман Қутфияро то хонаашон гусел менамуд.
Ишқу мушк пинҳон намонад
Модари Қутфия ҳис мекард, ки духтараш ин ҷавонро дӯст медорад ва оҳиста-оҳиста ба шавҳараш фаҳмонд, ки Комрон ном ҳамкурсаш нисбати Қутфия ишқи пок дорад. Падару модар хушбахтии духтарашонро аз Худованд талаб намуда, мехостанд пас аз хатми омӯзишгоҳ бо тӯю тамошо духтарашонро ба дӯстдоштааш диҳанд, вале…
Ашки алам
Ҳангоми дар курси охирин хондан, як рӯз Қутфия хеле ғамгин ба хона баргашт ва бо касе гап назада рост ба хонаи хоби худаш даромаду худро ба рӯи кати хобаш партофта зор-зор гирист. Модар, ки дар муддати чанд сол бори аввал духтарашро дар ин ҳол медид, ҳайрон шуда назди кати Қутфия омад ва меҳрубонона сари ҷигарбандашро сила карда, сабаб пурсид. Маълум шуд, ки чанд рӯз пеш Комрон ба хабаргирии модари беморам меравам гуфта, ба ноҳия рафтааст, вале гапаш дурӯғ будааст. Модараш Комронро зан додааст. Арӯс бегона не, хеши наздикашон, аниқтараш духтари холааш будааст. «Комрон маро фиреб кард. Туро худам мегирам гуфта бо ман ҳамхоба шуду духтари холаашро ба занӣ гирифт. Акнун ман дигар чӣ кор мекунам?! Мурдан бароям авлотар аст. Ман мурдан мехоҳам! Мурдан!!!» гӯён, Қутфия девонавор рӯю мӯяшро меканд. Марзияхола аз шунидани ин суханҳо ба даҳшат омад. Модари зор баробари духтараш мегиристу намедонист ғазабашро чӣ тавр фурӯ барад.
Аввал хост шавҳарашро аз ин фоҷиа огоҳ намуда, Комронро ба суд диҳад, вале боз фикр кард, ки агар ин сирри нангин фош шавад, пеш аз ҳама духтарашон ва худи онҳо шарманда мешаванд. Комрон, агар Қутфияро аз сидқи дил дӯст медошт, ҳеҷ гоҳ зани дигар намегирифт. Баъдан худи духтараш ҳам гунаҳгор аст, ки фирефтаи суханҳои ҷавон шуда бокирагиашро аз даст додааст. Бо ҳамин андешаҳо Марзияхола қарор дод, ки роҳи дигар ёфтан лозим аст. Модар духтарашро бо суханҳои нарму меҳрубонона таскин дод, то мабодо даст ба худкушӣ назанад.
Ғамбемор
Қутфия чанд вақт ба дарс нарафт. Ӯ ғамбемор буд. Аз ҷойгаҳаш намехест. Бо касе гап задан намехост. Мегуфт, ки ба наздаш надароянд. Ӯро осуда гузоранд. Танҳо модараш дар паҳлӯяш буду баробари ӯ ғам мехӯрд. Қутфия пас аз як ҳафтаи гӯшанишиниву ғамхӯриҳо каме ба худ омада, ба дарс рафт, зеро дар курси охирин мехонду дар сурати дар дарсҳо иштирок накардан дар курсаш мемонад. «Дӯстдоштаашро аз даст дод, ақаллан дипломашро аз даст надиҳад»,- мегуфт дар дил Марзияхола ва оҳи сард мекашид.
Хостгорӣ
Баробари хатми омӯзишгоҳ аз як ноҳияи дурдаст шиносони падари Қутфия ба хонаашон хостгор омаданд. Хостгорон аз оилаи доранда буданд, аз ҳамин хотир модараш Қутфияро ба издивоҷ бо бойбача розӣ кунонд. Хостгорон шод шуда, дарҳол рӯзи тӯйро муайян карда рафтанд. Марзияхола, ки аз гуноҳи духтараш огоҳ буд, баробари ҷиҳози арӯсро овардани қудоҳояш ба ҷустуҷӯи духтури шинос афтод. Бо кӯмаки як дугонааш, ки дар беморхона кор мекард, духтурзани таҷрибадореро пайдо намуда, як рӯз пеш аз тӯй номаълумакак духтарашро ба назди табиб бурда, бо маблағи калон аз нав «бокира» кард ва бо дили пур ба хонааш баргашт.
Домоди айёр
Қутфияро бо тӯю тамошо ба хонаи бахташ гусел намуданд. Домод ба арӯси нозанинаш меҳрубонӣ мекард, ӯро ба оғӯш гирифта мебӯсид, вале наздикӣ намекард, зеро ҷӯраҳояш ба ӯ гуфта буданд, ки покии арӯсашро фаҳмидан хоҳад, 3-4 рӯзи аввал ба вай наздик нашавад. Аз ин рафтори домод, дили Қутфия ба «задан» даромад. «Чаро домод ба ман майл намекунад? Шояд дар бораи ишқи ману Комрон чизе фаҳмида бошад?» мегуфт худ ба худ Қутфия дар зери чодари арӯсӣ ва дилаш аз ғам зардоб мегашт. Модараш ҳар субҳ ба ӯ занг зада аз ҳолаш пурсон мешуд ва Қутфия бо суханони рамздор мефаҳмонд, ки ҳоло домод ба ӯ даст дароз накардааст.
Макри модар
Аз рафтани Қутфия ба хонаи шавҳараш чор рӯз гузашта буд, ки модари Қутфия нохост бемори вазнин шуд. Аз ин бемории ногаҳонӣ ҳама дар ҳайрат монданд. Қутфия аз шунидани хабари бемории модараш ғамгин гашта, бо сари хам ашк мерехт. «Пеш аз марг духтарамро биёранд, бинам» хоҳиш намуд Марзияхола ва бечора қудоҳо дарҳол келинашонро ба хонаи модараш оварданд. Модар дар ҳақиқат бемор буду рӯи бистари оҳарӣ нолишкунон мехобид. Духтарашро дида оҳи сард кашид ва оби чашмонашро пок карда, аз ҷойгаҳаш нимхез шуд. Хусуру хушдоманаш ба Қутфияи келинчак гуфтанд, ки онҳо мераванду вай метавонад то бегоҳ дар назди модараш монад, баъд шавҳараш омада ӯро мебарад. Дар чеҳраи модар осори хушнудӣ пайдо шуд.
Меҳмони пинҳонӣ
Қудоҳову меҳмонон рафтанду хона хилват шуд. Марзияхола аз духтараш хоҳиш кард, ки ба хонаи дарун дарояд, он ҷо як меҳмони олиқадр ӯро интизор аст. Қутфия ба меҳмонхона даромада ҳайрон шуд, меҳмони олиқадр ҳамон духтурзане буд, ки пеш аз тӯяш ӯро «духтар» карда буд. Духтурзан, ки бо либосҳои хонагӣ менишаст ва кайҳо ӯро интизор буд, боз дасту остинашро барзада Қутфияро аз нав «бокира» кард. Бегоҳ Қутфияро шавҳараш ба хона бурд ва шоми васл ороста аз «бокира» будани арӯси нозанинаш сараш ба осмон расид. Шаҳбача дар куртааш намеғунҷид, ки дар ин замони пурфиреб духтари покдоман насибаш гаштааст, бехабар аз он, ки бузургон гуфтаанд:
Дарахти макри зан сад реша дорад
Фалак аз дасти зан андеша дорад.