Sebiston new 2024 october
Дар зодрӯзи ҳамсараш оташфаввора кушоду....
935

 

Се ҷавоне, ки оташфаввора (салют)-ро ҳамчун рамзи “хурсандӣ” истифода бурданд, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуда, ҳабс карда шуданд. 

Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Алишер Бобоев, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 27-уми сентябр дар зодрӯзи ҳамсараш аз оташфаввораи пуриқтидорро истифода кардааст, ки ду маротиба таркидааст. Садои баланди ин маводи пиратехникӣ дар вақти шабона оромии сокинони ин маҳалларо халалдор намуда, онҳоро ба таҳлука овардааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур Алишер Бобоев, Саидов Шарофиддин, Диловари Саид, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия дастгир карда шуда, тибқи талаботи моддаи моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, дар асоси қарори Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар ҳабси маъмурӣ дар муҳлати 5 шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД