arzon replenishment
Дар зиндагии падарам сағера шудам!
02.10.2022
ОИЛА
1487


Салом ба муштариёни “Оила”-и азиз! Зиндагиамро ба он хотир нақл мекунам, ки ба дигар падарони фарзандонашонро ба ҳукми такдир партофта каме дарси ибрат шавад.

Замоне, ки 12- сола будам, падарам ба муҳоҷират рафту он ҷо зан гирифт ва тавассути телефон модарамро талоқ дод. Дере нагузашта, бобоям модарамро боз ба шавҳар дод. Шавҳари модарам аз рӯзи аввал маро чашми дидан накард. Фақат нони хӯрдаамро миннат мекард. Маро аз ҳавлӣ берун карда, дашному ҳақорати зиёде медод. Модари муштипарам, ки баъди ман дугоник, хоҳараконамро таваллуд карда буд, ба хотири зиндагиаш ба азобҳои ман чашм мепушид. Охирин маротиба дар синни 18-солагӣ падарандарам ба сари ман мушт бардошта, ҳақорат кард. Ин навбат тоқат накарда, ман ҳам ӯро задам ва ҳатто бо модарам хайрухуш накарда, гурехта ба шаҳр омадам. Аз як рафиқам пул қарз гирифта, ба Русия ба ҷустуҷӯи падар омадам.Падарам ба ҷои он ки аз дидори ман хурсанд шавад, баръакс маро дида, табъаш хира шуду аз дараш ронд.Ман он шабро болои дарахт дар як ҷангал рӯз кардам. Рӯзҳои хеле сахтро аз сар гузаронида, соҳиби ҷои кор шудам ва як духтари хубро ба занӣ гирифтам. Имрӯз аз чизе камӣ надорам, аммо он мардеро, ки ман падар мегуфтам ва ба туям даъват кардам, наомад. Мақсад аз навиштани номаам ҳамин аст, ки ба мардон гуфтан мехоҳам: Бародарон, зан гиред, ин кори шумост, леикн фарзандон чӣ гуноҳ доранд, ки онҳоро мепартоед?
В.А.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД