1xbet
Дар Зафаробод барои кӯдакон 23 истироҳатгоҳи тобистона кушода шуд
74

Дар ноҳияи Зафаробод соли равон 23 истироҳатгоҳи наздимактабӣ кушода шуда, дар маҷмуъ 1530 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар додаанд, дар Зафаробод ҳамчунин истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Чашма» фаъолият менамояд, ки ба қабули кӯдакону наврасон пурра омода аст. Ба хотири шавқовар гузаштани фароғати кӯдакон дар истироҳатгоҳ машғулиятҳои забономӯзӣ, расмкашӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, саёҳат ва маҳфилҳои гуногун ташкил карда шудаанд.

Тибқи нақша имсол дар Тоҷикистон қариб 5 ҳазор истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ, варзишӣ, санаторӣ, солимгардонӣ, меҳнатӣ дарҳои худро ба рӯйи кӯдакону наврасон боз намуда, дар онҳо 250 ҳазор нафар дам мегиранд. Истироҳати кӯдакон дар 4 баст 12-рӯзиро дар бар гирифта, ба ҳар баст аз 150 то 400 нафар қабул карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД