goodwell
Дар як қатор кӯчаҳои ноҳияи Сино имрӯз барқ муваққатан қатъ мешавад
17.06.2026
Oila.tj
88

Имрӯз, 17-уми июн, аз соати 09:00 то 17:00 дар як қисми ноҳияи Синои пойтахт бо сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ ва пешгирикунанда интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.

Бино ба иттилои Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе, қатъшавӣ ба иваз намудани симҳои барқ, сутунҳои чӯбин бо сутунҳои оҳану бетонӣ, инчунин корҳои таъмирӣ ва хизматрасонии техникии таҷҳизоти шабакаҳои барқии 6/10 кВ вобаста мебошад.

Қатъшавии барқ қисман кӯчаҳои Чортут, Р. Набиев, Борбад, Хуҷандӣ, Ҷомӣ ва Навбаҳорро фаро мегирад.

Зикр мешавад, ки дар сурати пеш аз муҳлат анҷом ёфтани корҳо, таъминоти барқ метавонад барвақттар аз вақти пешбинишуда барқарор гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД