Корпоратсияи чинии “China Datang” нақша дорад дар вилояти Суғд неругоҳи офтобӣ сохта, то 500 мегаватт неруи барқ истеҳсол намояд.
Ин нукта дар вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии корпоратсияи хитойии “China Datang” дар Осиёи Марказӣ Ван Хао садо додааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки корпоратсияи “China Datang” соли 2002 таъсис ёфта, яке аз бузургтарин таъминкунандагони неруи барқ дар Чин аст.
Ширкат дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистони ҳамсоя низ истеҳсоли батареяҳои офтобиро ба роҳ монда, “энергияи сабз” истеҳсол менамояд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла истеҳсоли “энергияи сабз” изҳор дошт.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ таъкид карда шудааст, ки вилояти Суғд бо кишварҳои гуногуни олам ҳамкорӣ дошта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии он дар нимсолаи якуми соли 2024 ба 1 миллиарду 475,6 млн доллари ИМА баробар гардид.