Раиси вилояти Суғд барои 80 нафар бонувони соҳибкор ва ҳунарманд зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ грант ё қарзи бебозгашт ҷудо кардааст.
Ба ҳар як зани соҳибкору ҳунарманд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ кумаки бебозгашт ҷудо шуда, маблағи умумии грантҳои раиси вилоят 560 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд бо нашри эълон дар бораи озмун баҳри дарёфти грантҳои раиси вилоят хабар додааст.
Грантҳои раиси вилоят ба бонувони соҳибкор ва ҳунарманде, ки лоиҳаҳои таҳиякардаашон ба рушди истеҳсолот ва ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ мусоидат намуда, ҷойҳоти нави кориро ба вуҷуд меоранд, ба андозаи зерин ҷудо карда мешавад:
- 20 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ;
- 20 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ;
- 40 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ.
Муҳлати пешниҳоди лоиҳа аз 10-уми апрел то 10-уми июни соли 2026.
Маълумоти бештарро тариқи телефони (83422) 4-68-50, 4-65-37 дарёфт кардан мумкин аст.