Formula novemver 2024
Дар Туркия кӯдаки 20-рӯзаро аз зери харобаҳо наҷот доданд
837


Теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар Туркия ба 17 ҳазору 674 нафар расида, 72 879 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Фуат Октай, муовини раисҷумҳури Туркия дар мусоҳибааш бо телевизиони маҳаллӣ маълумот додааст.

"Дар Туркия ҳанӯз корҳои ҷустуҷӯиву наҷот идома доранд. Ҳарчанд аз ин зилзилаи шадид аллакай чанд рӯз гузашта бошад ҳам, то ҳол дар байни ҳалокшудагон зиндамондагонро низ пайдо мекунанд. Ин ба мардум умеди тоза мебахшад".

Чанде пеш дар вилояти Ҳатай наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳо як тифлаки навзоди 20-рӯзаро пайдо карда буданд. Кӯдак писарча буда, Карим ном доштааст. Айни замон вазъи саломатиаш мӯътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора сомонаи " Замин.уз " дар истинод ба манбааш иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Карими 20-рӯза се рӯз дар зери харобаҳо гурусна ва дар ҳавои хунук монда бошад ҳам, зинда мондааст. Зинда мондани кӯдаки 20 рӯза як мӯъҷизаи ҳақиқист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД