Дар Тоҷикистон маркази нави таҳқиқоти об ва муҳити зист таъсис ёфт
13.11.2025
Oila.tj
102

Дар заминаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи муосири сифати об ва экология ба истифода супорида шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин озмоишгоҳ бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода таъсис ёфтааст.

Бино ба иттилои АМИТ, таъсиси ин озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки таҳқиқот ва санҷиши илмӣ оид ба сифати об, таркиби химиявии он, омилҳои ифлоскунанда ва таъсири онҳо ба муҳити зист бо сатҳи баланди илмӣ анҷом дода шавад.

«Ин иқдом барои густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди устувор аҳамияти муҳим дорад»,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД