Тибқи маълумоти оморӣ, дар мамлакат аз моҳи январ то августи соли 2025-ум 914,2 миллион дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 19,5 фоиз зиёд мебошад.
Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои вилояти Суғд 29,7 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2,5 фоиз, вилояти Хатлон 0,1 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2,5 фоиз зиёд намудаанд.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, дар ҷумҳурӣ шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 228 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 10 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии корхонаҳои мавҷуда 102 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 112 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионию чӯҷаи якрӯза машғул мебошанд.