Тамоми шахсоне, ки нафақа мегиранд, ба таври рақамӣ ба қайд гирифта шуда, ҳуҷҷатҳояшон мавриди санҷиш қарор мегирад.
Бақайдгирии рақамии нафақагирон дар Тоҷикистон аз нимаи дуюми моҳи ноябр оғоз ёфта, то охирҳои моҳи декабр идома меёбад. Раванди рақамикунонӣ дар 68 шаҳру ноҳияи кишвар ҷорӣ гаштааст ва нафақагиронро зарур аст, ки бо ҳуҷҷатҳоятон ба шуъбаҳои Агентии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Нафақагирони пиронсол ва онҳое, ки маъюбият доранду ба шуъбаҳои нафақа омада наметавонанд, кормандони шуъбаҳо ба манзили зисти онҳо рафта, чунин шахсонро худашон ба қайд мегиранд. Бақайдгирӣ ройгон аст. Шуъбаҳои мазкур бидуни рӯзи истироҳатӣ кор мекунанд.
Сабти маълумотҳои шахсӣ ва чеҳраи нафақагирон (Face ID) тариқи телефон сурат гирифта, дар барномаи алоҳида ҷой дода мешавад.
Мувофиқи иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, ҳадаф аз рақамикунонӣ таъмини шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии кори системаи нафақа мебошад.