Gazprom july 2025
Дар Тоҷикистон 30 муассисаи нави тандурустӣ бунёд ёфтааст
122

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 30 муассисаи тандурустӣ ба истифода дода шуда, 115 муассисаи тандурустӣ таъмир гардидааст.

Аз ҷумла бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии «Ёрии таъҷилии тиббӣ» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Маркази ташхису табобат ва таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон ва Беморхонаи сироятӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким» дар шаҳри Бӯстон, Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Маркази саломатии Қалъаи Дӯстии деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД