1xbet
Дар Тоҷикистон 3 рӯз туфони магнитӣ ва чангу ғубор мешавад
499

Аз 6 то 9-уми июн дар Тоҷикистон туфони магнитӣ ва чангу ғубор ба амал меояд. Аз ифлосшавии ҳавои атмосферӣ эҳтиёт намоед!

Аз 6 то 9-уми июн дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ баланд шудани ҳолати олудагии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ пешгӯӣ шудааст.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки дар чунин ҳаво пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаромӯш накунанд.

Ба гирифторони бемориҳои дилу рагҳои хунгарди он, аллергия, диабети қанд, фишорбаландӣ ва диққи нафаси бронхиалӣ тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо саломатии худро эҳтиёт намоянд. Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва роҳи нафас ҳастанд, тавсия дода мешавад, ки меъёри доруҳои истеъмолиро нигоҳ доранд.

Дар ин рӯзҳо рӯзе на камтар аз 2 - 2,5 литр оби тоза нӯшидан лозим аст, агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз беҳтар.

Тавсия дода мешавад, ки тирезаҳои хона пӯшида бошанд ва ҳавои дохили хона тоза нигоҳ дошта шавад. Бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш набояд кард. Тирезаҳои хонаро бо дока ва ё тӯр бипӯшед, то хатари вуруди ҳар гуна моддаҳои заҳрнок камтар шавад.

Табибон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД