arzon replenishment
Дар тирамох кадом навъи куртаи занона мӯд мешавад?
5063

Вақти либосҳои сабук ба охир расид ва акнун вақти гарм пӯшидан фаро расид!

Курта як қисми асосии либос аст, ки бидуни он гардероб кор карда наметавонад. Куртаро, вобаста ба услуб, ранг ва матоъ, барои кор ва пӯшидани ҳаррӯза мувофиқ интихоб кардан лозим аст. Дар ин мавсим, куртаҳои классикӣ маъруфияти калон пайдо мекунанд. Тарроҳон намунаҳои гуногуни либосро пешниҳод мекунанд.

Интихоби матоъ ва ороиши курта барои занон дар тирамоҳ бояд аз дигар мавсими сол фарқ кунад. Ба навъи матоъ низ диққат додан лозим аст. Масалан, либоси пахтагин имкон медиҳад, ки ҳаво аз он гузарад ва пӯст нафас гирад, дар ҳоле, ки матоъҳои катонӣ, на танҳо ҳарорати аслии баданро нигоҳ медоранд, балки дар ҳавои гарм онро хунук мекунанд.

Курта аз матои атлас

Куртаи аз матои атлас дӯхташуда ҳамеша як ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи гардероби зан боқӣ мемонад. Бо ёрии чунин чиз, шумо метавонед тасвири нармтарин ва романтикиро эҷод кунед. Куртаи атлас ҳамчун навъи ивазкунандаи пахта барои либоси ҳаррӯзаи шумо мувофиқ хоҳад буд.

Акнун тарроҳони мӯд ба ҷаҳон куртаҳои тамоман дигарро, ки аз матои атлас дӯхта шудаанд, пешкаш мекунанд. Ҳар сол коллексияҳоро нав карда, тарроҳон намунаҳои нав ва унсурҳои ороиширо меофаранд.

Ҳар як духтар ё зан метавонад барои худ чизи мувофиқро пайдо кунад ва мувофиқи табъи худ либос ба бар кунад. Атлас метавонад дорои сохтори зиччӣ, намунавӣ ё хеле сабук бошад.

Куртаи рахдор

Ҳарчанд тобистон ба охир мерасад, аммо куртаи рахи кабуддор ҳоло ҳам дар тамоюл аст. Он дар ҳар мавсими оянда низ дар мӯд хоҳад буд. Одатан, ҳар сол бо фарорасии тирамоҳ гардеробро бо куртаҳо аз чунин намуна пур кунед.

Аввалан, куртаи рах-рах як чизи замонавӣ ва муосир аст ва сарфи назар аз он, ки мавсими тобистон ба охир мерасад, чунин куртаро то соли оянда пинҳон кардан лозим нест, зеро шумо метавонед онро дар тирамоҳ, зимистон ва баҳор низ пӯшед. Барои ҳар рӯз, чорабиниҳои расмӣ ё тантанавӣ, истироҳат ва сайру гашт метавонед ин гуна куртаро ба бар намоед.

Куртаи сафед

Куртаи сафед як либоси классикиест, ки ҳеҷ гоҳ аз мӯд берун нахоҳад шуд. Ин як асоси услуби бузург барои занон, новобаста аз синну сол аст. Дар моҳи аввали тирамоҳ, куртаҳои сафед ба болопӯшҳо иловаи олӣ хоҳанд буд.

Куртаи сафед, албатта, заминаи универсалӣ барои ҳама вақт ва ҳама ҳолатҳо аст. Бисёр куртаҳои сафеди моделҳои гуногун мавҷуданд, аммо мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки навъи муқаррарии оддиро бидуни тафсилоти нолозим, аз матои пахтагӣ ё катонӣ, бо намуди классикӣ ва остинҳои рост интихоб кунед.

Домани кӯтоҳ ё дароз (юбка) мисли куртаи сафед ҷузъи муҳими гардероби зан аст. Дар тирамоҳ юбкаи сиёҳ ва куртаи сафед интихоби беҳтарин барои кор хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД