Бо оғоз шудани тирамоҳ ҳарорати ҳаво паст шуда, баъзе бемориҳои вирусӣ ва музмин авҷ мегирад.
Имсол, ки охирҳои моҳи август ҳаво якбора тағйир ёфт, бештари одамон аз бемориҳои сироятӣ, махсусан зуком ранҷ кашиданд.
Табибон мегӯянд, ки дар фасли тирамоҳ одамон аз илтиҳоби торҳои асаб (невроз), афсурдагӣ ва ҳавои номусаид табъро хира мекунад.
Кӯдакон дар тирамоҳ аз кадом бемориҳо ранҷ мекашанд?
1. Зуком, шамолкашӣ. Сабаби асосӣ гирифторшавӣ ба ин беморӣ паст шудани масъунияти бадан ва бо суръати бемайлон паҳн шудани вирусҳо мебошад.
2. Сироятёбии узвҳои болоии нафас , ба монандӣ ангена, тонзиллофарингит, отити шадиди миёна ва дигар бемориҳо ба вуҷуд меояд, ки бо сабаби то охир муолиҷа накардани бемории зуком, ки дар натиҷаи он масъунити бадан паст шуда, организм қобулияти мубориза бурданро аз даст медиҳад.
3. Бемориҳои гурда, ба монандӣ пиелонефрит, яъне илтиҳоби гурдаҳо ва бемориҳои музмини гурда дар ин фасл авҷ мегирад ва беморон аз дардҳои хуруҷкунанда азият мекашанд.
4. Бемориҳои алергикӣ, ки бо тарзи дигар аллергияҳои тирамоҳӣ низ мегӯянд. Хуруҷи бемориҳо зиёд шуда, сабаби асосиаш фаъолшавии аллергенҳо мебошад.
Чӣ бояд кард, то тирамоҳро бемаризӣ гузаронем?
Пеш аз ҳама либоси гарм пӯшед. Пойафзоли боэътимодро интихоб намоед, то дар ҳавои боронӣ тар нашавад. Ҳатман бо хд чатр гиред ва либоси болопуши обногузарро фаромӯш накунед ва гардану гулӯятонро ҳифз намоед.
Наҳории серғизо бихӯред, то ки масъуниятатон баланд шуда, шуморо аз бемориҳо муҳофизат мекунад.
Кушиш кунед, ки масофаи муайянро миёни шахсони бемор нигоҳ доред.
Дастҳои худро зуд-зуд бо собун бишӯед.
P/C Хонандагони азизи сомонаи Оила. Дар матлабҳои оянда шуморо тибқи маслиҳати табибон аз тарзи табобати бемориҳои тирамоҳӣ маълумот медиҳем.