Arzon march 2024
Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
25.11.2024
ОИЛА.ТҶ
503

Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 29-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар доираи лоиҳаи “Мусоидат дар бартарафсозии таъсири иқтисодии COVID-19 тавассути баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ, имкониятҳои шуғл ва ҳамкории минтақавӣ дар водии Фарғона” IT-форуми байналмилалиро баргузор намояд.

Форуми мазкур дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор мегардад.
Ин форум фазои муколама фароҳам меорад, ки дар он ширкаткунандагон на танҳо таҷриба ва навовариҳои худро мубодила мекунанд, балки масъалаҳои мубрамеро, ки дар бозорҳои минтақавӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, якҷоя муайян менамоянд. Платформа як катализатор барои барқарор кардани робитаҳои нави корӣ ва шарикӣ мегардад, ки ба эҷоди лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштараки муассир мусоидат мекунад.
Дар доираи форуми мазкур мавзуҳои калидие баррасӣ карда мешаванд, ки ба фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъолонаи мутахассисони ҷавон ва занон дар иқтисодиёти рақамӣ, ки ба рушди касбӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат мекунад, кумак мерасонанд.
Лоиҳаи “Мусоидат дар бартарафсозии таъсири иқтисодии COVID-19 тавассути баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ, имкониятҳои шуғл ва ҳамкории минтақавӣ дар водии Фарғона” дар ҳамкории зич бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурияти вилояти Суғд ва дигар ташкилотҳои давлативу шаҳрвандӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳадафи асосии рушди лоиҳа барқарорсозӣ ва беҳбуди шароити зиндагӣ, мусоидат ба шуғли пурсамар ва муносиб ва тавсеаи имкониятҳои тавлиди даромад тавассути инноватсия барои рушди устувори корхонаҳо ва мусоидат ба тиҷорати фаромарзӣ дар водии Фарғона дар Тоҷикистон мебошад.
Лоиҳа ба занону мардон, ҷавонон, муҳоҷирони бозгашта ва корхонаҳои хурду миёна дар вилояти Суғд, ки дар манотиқи ҳаммарз бо Қирғизистон ва Узбекистон қарор доранд, равона карда хоҳад шуд.
Таваҷҷуҳи хоса ба фаъол кардани ҷавонон ва духтарон дар таҳсил, шуғл ё омӯзиш (NEET) дода мешавад.
Лоиҳа барои фарогирии духтарон ва занон, ба онҳо дониши қобили кор ва малакаҳои замонавӣ фароҳам оварда, барои иштироки фаъолтарашон дар самтҳои иқтисодӣ қувват мебахшад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД