arzon replenishment
Дар шумораи 46-уми ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
525

“Гулдухтари қонунбадаст”. Чунин унвон дорад маводе, ки дар рубрикаи “Иродаи зан” дарҷ гардидааст. Гулҷамол Илҳомӣ, ҷавондухтари боистеъдод ва яке аз чеҳраҳои умедбахши санъати тоҷик мебошад. Ҳунари ӯ на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ шуҳрат ёфтааст. Бо талошу меҳнат ва диди тоза дар санъати қонуннавозӣ, тавонистааст худро ҳамчун намояндаи ҷавон ва боистеъдоди фарҳанги миллӣ нишон диҳад.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Шавҳарам ба Русия рафту рӯзам сиёҳ шуд”, “Бегуноҳ бадном шудам” ва “Аз ошиқи шилқин чӣ хел халос шавам?” дарҷ гардидааст.

Қиссаи “Меҳмони сиёҳпӯш” зиндагиномаи занест, ки шавҳараш дар болои ӯ ва ду фарзандаш зани дуюм мегирад. Аз аламу хорӣ ва ноилоҷӣ зан барои худ ва духтаронаш либоси сиёҳ пушонида, ба тӯйи шавҳараш меравад ва сабаби аз тахти арӯсӣ қаҳр карда рафтани зани нави шавҳараш мегардад.

“Шавҳарам маро ба писарам рашк карду...” чунин унвон дорад қиссае, ки асмоли онро дар аксари оилаҳои ҷавони тоҷик дидан мумкин аст. Аксари мардон баъди фарзанддор шудан аз тағйир ёфтани зиндагиашон ва нисбати тифли навзод таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани ҳамсари худ рашк ё изҳори норизогӣ мекунанд. Қиссаи мазкур низ воқеӣ буда, барои дигар зану шавҳарони ҷавон дарси ибрат аст.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи тайнамудаи шоумен, продюсер ва ровии муваффақ Абдураҳим Дадоҷонов маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “6 амале, ки ба зан хатар дорад” ва “Давоҳои халқӣ барои ҳомиладоршавӣ” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ барои бонувон мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” хабарнигори “Оила” бо ҳаҷвнигори шинохта Абдураҳим Набиев бо тахаллуси Бобои Мерган доир ба вазъи ҳаҷв, ҳолати ҳаҷвнигорон, дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба соҳа ва ғайраҳо суҳбат кард, ки фишурдаи он таҳти унвони “Ҳаҷвнигор будан душвор аст” манзури хонандагон мегардад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз қабили “Талоқ” гӯяду пушаймон шавад...”, “Нос таҳоратро мешиканад?”, “Мақоми зан дар ислом” аз ҷониби намояндагони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Агар мурда дар хоб таъқиб кунад...” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД