arzon replenishment
Дар шумораи 45-уми ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
614

“Тоҷикдухтари забондон аз Ишкошим”. Чунин унвон дорад маводе, ки дар рубрикаи “Иродаи зан” дарҷ гардидааст. Аслигул Тиллохоноваи 28-сола, зодаи ноҳияи Ишкошими Бадахшон донандаи панҷ забон ва ғолиби чандин озмунҳои сатҳи байналмилалӣ аст, ки бо истеъдоди худ ҳатто соҳибзабононро мағлуб намудааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Зани шаттоҳ дӯзахи мард аст”, “Хиёнатро намебахшам” ва “Хонаи шавҳарро тарк кунам?” дарҷ гардидааст.

Қиссаи “Домоди якгӯша” зиндагиномаи мардест, ки бо нуқси модарзодӣ ба дунё омада, умре аз ҷониби ҳамсолонаш таҳқиру озор дида бошад ҳам, хеле ҷавони раҳмдилу меҳрубон аст. Аз меҳрубонии ӯ ҳатто духтари дӯстдоштааш истифода бурда, ранҷу азоб медиҳад ва ба қадри ишқаш нарасида, баъдан пушаймон мегардад.

“Хонуми сагпараст” аз сарнавишти зане навишта шудааст, ки ба фиреби марде афтида, аз зани дуюм шуданаш вақте хабардор мегардад, ки зани якуми шавҳараш бо фарзандонаш дар пушти дари онҳо пайдо мешаванд. Қаҳрамони қиссаи мазкур ба шикасти қисмат сар нафароварда, дубора ба по мехезаду соҳиби зиндагиву хонаи обод мегардад.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи тайнамудаи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Витаминҳои тирамоҳӣ барои мӯй” ва “Усулҳои халқии табобати зардпарвин ва бемориҳои ҷигар” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ барои бонувон мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” хабарнигори “Оила” бо рэпсаро ва блогери ҷавон Маъруфи Абдулло доир ба рӯзгору фаъолияти эҷодиаш суҳбат кард, ки фишурдаи он таҳти унвони “Баъди Ҳаҷ рэпро тарк кардам” манзури хонандагон мегардад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз қабили “Дурӯғгӯ душмани Худо”, “Зан дар куҷо намоз гузорад?”, “Ҳукми овехтани дуо”, “Овози зан аврат аст?” аз ҷониби намояндагони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Хоб бинӣ, ки либосатро дуздидаанд” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” номаи як марди муҳоҷирро таҳти унвони “Нангу номус маро ба мулки рус бурд” мутолиа карда метавонед.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД