arzon replenishment
Дар шумораи 43-юми ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
154

 

“Лӯхтакҳо қасд мегиранд”. Чунин унвон дорад маводе, ки дар рубрикаи “Иродаи зан” дарҷ гардидааст. Геран Одинаева лӯхтакбози маъруф ва собиқадори театр, зан-модарест, ки аз соли 1985 инҷониб ба кӯдакони тоҷик дар барномаи “Хоби ширин” тавассути телевизион ва радио афсонаи шабро мехонад.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагон таҳти унвони “Ба зани қишлоқиям зор шудам, вале...” ва “Якравӣ карда, пирдухтар шудам” дарҷ гардидааст.

Қиссаи “Гуноҳатро бахшидам, янга!” зиндагиномаи занест, ки дар тифлӣ волидонаш ӯро ба амаки бе фарзандаш медиҳанд, вале духтарак то ба воя расидан аз ҷониби янгааш зулму ситами зиёде мебинад. Билохира кор ба ҷое мерасад, ки духтар аз хонаи волидони угаяш фирор намуда, ба хонаи падару модари аслияш меояд. Сарнавишти модар-янга дар дами пирӣ, ки хеле ҳузнангез аст, хонандаи қиссаро ба андеша кардан водор месозад.

“Духтарамро ба “Қорӣ-Ишкамба” додам” аз нақли модаре навишта шудааст, ки дар бораи зиндагиномаи фарзанди худ қисса мекунад. Вақте модар баъди ба шавҳар додани духтараш ба хонаи онҳо ба меҳмонӣ мераваду шоҳиди зихнагии домодаш мегардад, дигар пояшро ба хонаи фарзандаш намегузорад. Зиндагӣ бо марде, ки хеле зихнаву мумсик аст, дер давом намекунад ва билохира зан роҳи худро ҷудо мекунад.

Дар қиссаи “Зани ҷангалбон” аз азобҳои духтараки ятиме навишта шудааст, ки аз даврони кӯдакӣ дар тарбияи бобои пираш мемонад, вале баъди сари ягона такягоҳи худ бо умеди ба даст овардани маблағ ба шаҳри Маскав мераваду ба доми қаллобон меафтад. Баъд аз азобу машақатҳои ба сараш омада, билохира духтарак бахти худро дар ҷангал пайдо мекунад.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи тайнамудаи ҳаҷвнигори шабакаи инстаграм Насимҷон Мирзошарифов, ки бо тахаллуси Афандӣ машҳур гардидааст, маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Ниқобҳои тирамоҳӣ” ва “Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии диабети қанд” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ барои бонувон мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Аз рӯзгори ситораҳо” хабарнигори “Оила” бо актрисаи ҷавону маҳбуб ва шинохта Дилноза Раҳмиӣ доир ба рӯзгору фаъолияти эҷодиаш суҳбат кард, ки фишурдаи он таҳти унвони “Шикасти ишқ маро машҳур кард” манзури хонандагон мегардад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз қабили “5 насиҳати ҳазрати Муҳаммад (с)”, “Арши Худо аз талоқ меларзад!”, “Чаро паёмбар гурусна мегашт”, “Баргардонидани қарз муҳим аст?”, “Бародарамро чӣ тавр аз зино боздорам?” аз ҷониби намояндагони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Гӯсфанд хоб бинӣ, бой мешавӣ?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” оид ба мушкилоти муҳоҷират ва онҳое, ки дар қаламрави Русия ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, саволҳои хонандагон ва номаҳояшон дарҷ мегардад. Дар шумораи навбатӣ барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии муҳоҷирон сомонаҳои расмӣ, рақамҳои телефон ва пайвандҳои электронии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР оид ба муҳоҷиратро дастрас карда метавонед.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД