sebiston july new
Дар шумораи 38-уми ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
916

“Пиразане, ки аз ҳар ангушташ ҳунар мерезад”. Чунин унвон дорад зиндагинома ва фаъолияти қаҳрамони рубрикаи “Иродаи зан” холаи Санам, модар ва бибии 70-сола, аз ноҳияи Лахш, ки ба бонувони оилаи худ ва дигар занону духтарони ҳамдеҳааш нозукиҳои касби гулдузӣ ва зардӯзиро меомӯзонад.

Қиссаи “Шавҳар ё дарди сар” аз рӯзгори бонуе навишта шудааст, ки аз бахти аввал бо сабаби рашки хушдоман ҷудо шуда, бори дуюм бо марде издивоҷ мекунад. Мутаасифона, бори дуюм бо марде ҳамхона мешавад, ки барояш воқеан дарди сар асту тайёрхӯр ва танбал.

“Келини қуръонхон рӯзамро сиёҳ кард” сарнавишти зане аст, ки бо хоҳиши писараш келини нахондаву тақводорро келин карда, аз ҷониби келин нописандиву туҳмат ва иғвогарӣ мебинад. Қиссаи мазкур бори дигар моро ҳушдор месозад, ки дар масъалаи бунёд намудани оила ва издивоҷ ба шитобкорӣ роҳ надиҳем.

Дар саҳифаи “Чеҳра” ба муносибати мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев чанд саҳифаи авроқи зиндагии ин ҳунарманди маҳбуб варақгардон гаштааст.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи тайнамудаи ҳунарманди ҷавону шинохта Ҷаҳонгир Зарипов то замони машҳур шуданаш маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “2 бемории хатарноке, ки аз мард ба зан мегузарад” ва “5 ниқоби тирамоҳӣ барои пӯсти даст” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ барои бонувон мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз қабили “Аввалин паёмбар кист”, “Издивоҷи зинокор бо зани мусалмон ҷоиз аст”, “Бисмилоҳ?” ба ҷои фарзанд”, “Аввалин паёмбар кист?”, “Намози бе рӯсарӣ”, “Бастани ресмон дар гардани мардон ҷоиз аст?” аз ҷониби намояндагони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Бо хушдоман ҷанг шудан дар хоб” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” оид ба мушкилоти муҳоҷират ва онҳое, ки дар қаламрави Русия ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, саволҳои хонандагон ва номаҳояшон дарҷ мегардад. Дар шумораи навбатӣ номаи зани муҳоҷирро таҳти унвони “Дар Русия азоби сагро кашидам, вале...” мутолиа карда метавонед.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Ба шароб дил баста, шарманда шудам”, “Гуноҳатро намебахшам, оча!” дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД