Arzon march 2024
Дар шумораи 33-юми ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
1145

“Чаро мардҳо зани пулдор меҷӯянд?”. Чунин аст сарлавҳаи саволе, ки аз ҷониби хонандаи ҳафтанома ба идора ирсол гардидааст.

Мутаассифона, мавзӯи мазкур доғи рӯз буда, мардоне ҳастанд, ки занҳои хонадору пулдор ҷуста, бо вуҷуди дар синну сол аз худашон калон будани зани доро аз баҳри зану фарзандони худ мебароянду домани ин гуна бонувонро сар намедиҳанд. Чаро зан хонаву мошин дошта бошад, мардҳо ғуломаш мешаванд? Ба саволи мазкур нуқтаи назари чанд нафарро мутолиа намоед.

Қиссаи “Барои хушдоманам “ҷӯгӣ” будам” аз зиндагиномаи зане навишта шудааст, ки дар хонаи хушдоман 20 сол бо азобу ранҷи руҳиву ҷисмонӣ умр ба сар бурда, баъд аз фавти шавҳараш, ки дар пайи як садама рух медиҳад, аз хонаи наздикони шавҳараш ронда мешавад. Қаҳрамони қиссаи бо сад азобу таҳаммул дар зиндагӣ боз соҳиби ҳама чиз мешавад, вале... Қиссаи мазкур давомдор буда, идомаи онро дар шумораи ояндаи ҳафтанома мутолиа карда метавонед.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро таҳти унвони “Ҳар кас дунёро ба андозаи ақлу хиради худ мебинад” бо сарояндаи ҷавону соҳибистеъдод Закия оид ба тамоми паҳлуҳои зиндагиву фаъолияташ мутолиа намоед.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии ҳунарманди ҷавону боистеъдод Фаррух Ҳасанов маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Модари солим кӯдаки солим ба дунё меорад” суҳбати рӯзноманигори ҳафтаномаро бо мудири шуъбаи амрози занонаи маркази тибби “Шифо” Қарабекова Дилбар Аҳроровна оид ба мушкилоти солимии зан ва тифли солим ба дунё овардани ӯ мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома таҳти унвони “Хоби бадро ба касе нагӯед!”, “Ҳақорат ва лаънати ҳаёт гуноҳ аст”, “Аз кадом мазҳаб зан гирам?”, “Надодани қарз гуноҳ аст?”, “Дар сафар суннат хонам?” аз ҷониби мутахассисони Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Агар одамро дар хоб саг газад...” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Рашки хушдоман ҳаётамро сӯхт”, “Намехоҳам келинам сиёҳбахт шавад” дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД