Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Олга Бузова худро ба оғӯши Бурак Озчивит партофт? ” оиди сафари ҳунарманди турк ба шаҳри Москав ва вохӯрии ӯ бо мухлисон ва сарояндаи рус Олга Бузова савол додааст.
Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Падари пирам занбозӣ мекунад” номаи духтаре дарҷ гардидааст, ки аз занбозиҳои падар ва азоби модараш навиштааси. Боз дар ҳамин гӯша номаи духтареро мутолиа карда метавонед, ки писари холааш ба номусаш дастдарозӣ кардааст.
Қиссаи “Арӯси бадном” дардномаи занест, ки дар аввал ба роҳи хато рафта, оқибат пушаймон мешавад. Бахти деринтизор баъд аз солҳои азияту мушкилиҳо ба суроғаш меояд, вале доғи бадномӣ умре ӯро домангир мегардад.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.
Таҳти сарлавҳаи “15 соли бефарзандӣ” қиссаи ҷавонзане дарҷ гардидааст, ки баъд аз солҳои тӯлонии дар ҳасрати фарзанд сӯхтан соҳиби фарзанд мегардад.
“Арвоҳи хонасӯз” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки аз хиёнати мард ва қасоси руҳи ноороми зан нақл мекунад.
Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз “БОЛ”-и JOM.TJ то “Ошиқӣ”-и Рафоати Ҷамшед”-ро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” чанд хабари кутоҳу ҷолиб оиди зиндагии шахсӣ ва фаъолияти ҳунарии ҳунарманди турк Қудсӣ, примадоннаи узбек Юлдуз Усмонова ва сарояндаи рус Басков дарҷ гардидааст.
Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Санги талхадон аз чӣ пайдо мешавад?” оиди оқибатҳои ин беморӣ маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!