Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Ба Райҳон малахҳо ҳуҷум карданд? ” оиди чӣ гуна сипарӣ шудани консерти навбатии сарояндаи узбек Райҳон Ғаниева муроҷиат кардааст.
Дар саҳифаи номаҳо дарди дили духтареро, ки аз дӯстдоштаи худ ранҷидааст ва дардномаи мардеро мутолиа карда метавонед, ки аз заҳри забони хушдоман ба дод омадааст.
Қиссаи “Туҳматзада” сарнавишти ҷавонзанест, ки бе гуноҳ аз хонаи шавҳар ронда шуда, бо як фарзанд зиндагии худро аз нав сохтан мехоҳад.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.
Таҳти сарлавҳаи “Бозии қисмат” қиссаи зане дарҷ гардидааст, ки шавҳараш бо баҳонаи бе фарзандӣ зани дигар мегирад, вале дар рӯзи тӯйи шавҳараш ӯ хабари ҳомиладор шуданашро мефаҳмад...
Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз хурдтарин усто дар Душанбе то дуэти Садриддин ва Зулайхо”-ро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” таҳти сарлавҳаи “Бурак Озчевитро суд карданд?” дар бораи як мушкилие, ки дар ин шабу рӯз ба сари ин ҳунарманди маъруфи турк омадааст, маълумот дода мешавад.
Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Норасоии витамини Д дар кӯдакон чӣ хатар дорад?” оиди оқибатҳои норасоии ин витамин маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.
Дар рубрикаи “Асрори зебоӣ” маводи “6 қоидаи интихоби малҳами аз офтоб муҳофизаткунанда” барои бонувоне таҳия гаштааст, ки нисбати нигоҳубин ва ҳолати пӯсти худ бетафовут нестанд.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!